Инқилоби исломӣ ва нуқтаҳои қуввату заъфи он

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар суханронии наврӯзӣ дар ҳарами Имом Ризо(а) дар шаҳри Машҳад, мақсади душман аз дигаргуниро тағйири ҳувияти ҷумҳурии исломӣ донист.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар аввалин рӯзи соли нав, дар ҷамъи азими зоирону ҳозирон дар ҳарами Имом Ризо(а), таҳаввул ба маънои “тақвияти нуқтаҳои қувват ва рафъи нуқтаҳои заъф”-ро ниёзи асосии кишвар хонд ва бо ишора ба аҳдоф ва хостаҳои комилан зидди таҳаввулии душманон гуфт: “бояд бо иродаи қотеъ, такя бар эътимод ба нафси миллӣ, умедворӣ ва ҳушёрӣ, кори сангин ва душвор таҳаввулро оғоз ва нуқтаҳои заъфи умдатан иқтисодиро ба нуқтаҳои барҷаста ва дурахшон табдил кунем.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба дуои умумии миллати Эрон замони таҳвили соли нав барои табдил ва таҳаввули ҳолашон ба беҳтарин ҳол гуфт: “барои ҳар таҳаввуле бояд зимни тавассул ва талаб аз Парвардигор, саъй ва талош ва истиқомат кард.”

Раҳбар инқилоби Эрон огоҳии афкори умумӣ аз масоили асосии кишварро, заминасози фаъол шудани ҷавонони соҳиб фикр ва асҳоби андеша ва хирд хонд ва афзуд: тарҳи масъалаи таҳаввул бо мардум мисли ҳар масъалаи муҳими дигар, зарурӣ аст чаро, ки агар афкори умумӣ аз як фикру ида истиқбол накунад, он фикр ба амал намеояд ва ба тадриҷ ба фаромӯшӣ супурда мешавад.”

Эшон дар марзбандии мафҳуми ҳақиқии таҳаввул ва дигаргунӣ бо ончи душманон аз он ба унвони тағйир ва таҳаввул ёд мекунанд, гуфт: “душманон аз тарҳи мавзӯъи таҳаввул, хостаҳои зидди таҳаввулӣ ва комилан мухолифи аҳдофи низом доранд, ки мутаассифона дар дохил ҳам бархе ба пайравӣ ё тақлид аз онҳо ва ё бо ангезаҳои дигар, ҳамон ҳарфҳоро бо тағйироте такрор мекунанд, ки тағйири Сарқонун ё сохтори низом аз ҷумлаи ин ҳарфҳо аст.”

Эшон ҳадафи аслии душманон аз тарҳи мафҳуми “таҳаввули сохторӣ”, “тағйир”, “инқилоб” ё калимаҳои мушобеҳро тағйири ҳувияти ҷумҳурии исломӣ донист ва афзуд: “ҳадафи душман, ҳазфи нуқтаҳои қуввати кишвар ва низом, ва фаромӯш шудани масоиле аст, ки мардумро ба ёди инқилоб ва Исломи ноб ва инқилобӣ меандозад, ки такрори номи Имом Хумайнӣ, матраҳ шудани таълимоти Ӯ, масъалаи вилояти фақеҳ, 22-уми Баҳман ва ҳузури пуршӯри мардум дар интихобот аз ҷумлаи ин маворид аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ табдили низоми мардумсолории исломӣ ба ҳукумати фардӣ ва мутеъ, ё ҳукумате ба зоҳир демокрасӣ, аммо дар амал гӯш ба фармони ғарбиҳоро, ҳадафи ниҳоии суханони зоҳиран таҳаввулии мустакбирон хонд ва гуфт: “онҳо дар ҳар коре ба думболи тасаллути сиёсӣ ва иқтисодӣ бар Эрон ва ғорати кишвар ҳастанд.”

Эшон баъд аз ин марзбандӣ, шиносоии нуқтаҳои қувват ва заъфи кишварро пешзаминаи зарурии таҳаввул баршумурд ва гуфт: паймудани масири душвори таҳаввул, ниёз ба эътимод ба нафси миллӣ дорад.

Раҳбари инқилоби ҶИЭ миллат Эронро бархурдор аз эътимод ба нафс донист ва бо ишора ба иззати нафс, истиқлолхоҳӣ ва шуҷоати миллат гуфт: дувумин унсури муҳимм дар тайи кардани масири таҳаввул, ҳушёрӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ғафлат ва бетаваҷҷуҳӣ ба ҳушёриро сабаби зарба задани эҳтимолӣ ба нуқтаҳои қувват донист ва афзуд: бархе дилсӯзон ва алоқамандон ба низом ва инқилоб гоҳе барои як ҳаракати хуб ва ислоҳӣ, бо ғафлат ва бедиққатӣ ба нуқтаҳои қуввати низом зарба мезананд, ки бояд муроқиби ин гуна ғафлатҳо буд.”

Раҳбари инқилоби Эрон лозимаи муроқибат аз нуқтаҳои қувватро шиносоии онҳо хонд ва бо зикри бархе нуқтаҳои қуввати миллати Эрон, аз ҷавонон хост рӯи ингуна масоил фикру андеша ва ҳамафзоӣ кунанд.

Эшон “решаи дарунии қавӣ ва мустаҳками миллати Эрон”-ро аз нуқтаҳои қуввати боризи кишвар донист ва гуфт: ин қувват ва истеҳкоми дарунӣ ношӣ аз имони мардум аст чаро, ки ҳатто афроде, ки дар зоҳир ба бархе аҳкоми исломӣ пойбандии комиле надоранд, ба Худо, Қуръон ва пешвоёни маъсум имон доранд.”

Эшон дар табйини нишонаҳои ошкори истеҳкоми дарунии миллати Эрон, ба “ғалабаи миллат бар занҷираи хусуматҳои пай дар пайи чанд даҳ солаи мустакбирони ҷаҳон” ишора кард ва гуфт: “кадом кишвар ва инқилоб тавонистааст солҳои тӯлонӣ дар муқобили зарбаҳои пай дар пайи қудратмандтарин кишварҳои ҷаҳон беистад ва ба зонӯ дар наёяд?”

Оятуллоҳ Хоманаӣ , “кудато, таҳрим, фишорҳои сиёсӣ, таҳоҷуми расонаии бесобиқа, тавтеаҳои амниятӣ ва таҳримҳои бесобиқаи иқтисодӣ”-ро абъоде аз тавтеаҳои пайвастаи душманон хонд ва афзуд: дар даври ахири ин хусуматҳо, руасои Амрика ва бархе кишварҳои аврупоӣ аз иғтишошоте, ки соли гузашта дарсади бисёр андаке ба роҳ андохта буданд, сареҳан пуштибонӣ карданд ва бо анвои ҳимоятҳои таслиҳотӣ, сиёсӣ, молӣ, амниятӣ ва расонаӣ талош карданд, Ҷумҳурии Исломии Эронро лоақал тазъиф кунанд, аммо дар майдон, дуруст баръакси ин ҳадаф, таҳаққуқ ёфт ва ҷумҳурии исломӣ бар ин тавтеаи ҷаҳонӣ пирӯз шуд ва нишон дод қавӣ ва мустаҳкам аст.”

Раҳбари инқилоби Эрон, 22-юми Баҳмани соли 1401-ро ба унвони мазҳаре аз решаи қавии даруни низом, бисёр пуршӯртар ва пурҷамъияттар аз маросими мушобеҳи солҳои гузашта донист ва афзуд: пешрафтҳои бузурги миллат дар арсаҳои гуногун нишонаҳои дигаре аз ин истеҳкоми дарунӣ аст.”

Эшон пешрафт дар даврони муҳосираи иқтисодӣ ва шадидтарин фишорҳои мумкинро, амалкарди дурахшони миллат хонд ва гуфт: “Амрикоиҳо бо ҳамаи дурӯғгӯияшон изъон карданд, ки фишорҳои иқтисодии онҳо бар миллати Эрон дар таърих бесобиқа будааст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, пешрафт дар илму фанноварӣ ва қарор гирифтан дар радаи кишварҳои бартари дунё дар арсаҳои назири нону ва зистфановарӣ, пешрафт дар арсаҳои саломат, ҳавофзо, ҳастаӣ, дифоӣ, зерсохтҳо, марокизи дармонӣ ва беҳдоштӣ, полоишгоҳ ва дигар арсаҳоро ёдоварӣ кард ва гуфт: дар ҳавзаи равобити хориҷӣ ҳам талоши душманон барои инзивои Эрон шикаст хӯрда ва ҷумҳурии исломӣ бо маҳкам кардани 100%-ии равобити худ бо Осиё, аз ин пас низ ба густариши иртибототи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ бо кишварҳои муҳими ин минтақа идома хоҳад дод.”

Эшон афзуд: “узвият дар бархе паймонҳои муҳими минтақаӣ ва тақвияти равобит бо Африқо ва Амрикои лотин аз дигар пешрафтҳои ҳавзаи иртибототи хориҷӣ аст, зимн инки бо аврупоиҳо ҳам қаҳр нестем ва агар аз табаияти Амрико даст бардоранд ҳозирем бо онҳо кор кунем.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, имон, эҳсоси иззати миллӣ ва такя бар тавони дохилиро аз ҷумлаи авомил ва заминаҳои пешрафти миллати Эрон баршумурд ва гуфт: “дигар нуқтаҳои қуввати низом низ аз ҷумла ҷумҳурият ва исломият, бояд тақвият шавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз баршумурдани нуқтаҳои қуввати кишвар, ба табйини нуқтаҳои заъф ва ниёзманди таҳаввул пардохт ва гуфт: дар раъси ҳамаи нуқтаҳои заъф, масъалаи иқтисод ва сиёсатҳои иқтисодӣ аст, ки бисёре аз онҳо мероси гузаштагони инқилоб ва бархе аз онҳо марбут ба пас аз инқилоб аст.”

Эшон муҳимтарин мушкил ва нуқтаи заъф иқтисоди кишварро давлатӣ будани иқтисод ва тасаддигарии ифротии бархоста аз сиёсатҳои иқтисодии даҳа 60-и шасӣ донист ва афзуд: “натиҷаи ин ифрот, канор мондани мардум аз фаъолиятҳои бузург ва сарватсози иқтисодӣ ва бурузи мушкилоте аст, ки имрӯз дар кишвар мушоҳида мекунем.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ айби дигари иқтисоди кишварро вобастагӣ ба нафти хом баршумурд ва гуфт: банди нофи иқтисодро бояд аз содироти нафти хом ҷудо кунем ва барои касби даромади бештар ба фаъолиятҳои ғайринафтӣ бипардозем, ки хушбахтона бар асоси гузоришҳо, корҳои хубе дар ин замина оғоз шудааст.”

Вобастагии иқтисоди кишвар ба доллар, нуқтаи заъф дигаре буд, ки раҳбари инқилоби Эрон ба он ишора кард ва афзуд: “бархе кишварҳое, ки мавриди таҳрими ғарб қарор гирифтанд, бо қатъи вобастагии худ ба доллар ва кор кардан бо пулҳои маҳаллӣ, вазъи беҳтаре пайдо карданд, ки мо низ бояд ҳамин корро анҷом диҳем.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, масъулони давлатӣ ва намояндагони маҷлисро ба тарғиб ва ҳидояти мардум ба ифои нақши тавлидӣ дар иқтисоди кишвар ва эҷоди эътимод барои сармоягузорӣ ва корофаринии бахши хусусӣ фарохонд ва гуфт: “агар аз тавоноиҳои мардум дар иқтисод истифода шавад ва тавлид афзоиш ёбад, ҳатман вазъи маишати умумӣ ва таваррум беҳбуд хоҳад ёфт ва шиори сол ҳам ҳосил хоҳад шуд.”

“афзоиши таҳаррук дар тиҷорати хориҷӣ”, “тақвияти ширкатҳо ва фаъолиятҳои донишбунён”, “таҳаввул дар қонунгузорӣ бар асоси сиёсатҳои тақнинӣ” ва “парҳез аз эҷоди ҳазинаҳои қатъӣ барои даромадҳои ғайрқатъӣ дар будҷаҳои солона” айбҳои дигаре буд, ки раҳбари инқилоби исломӣ ба онҳо ишора кард.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ иттилоърасонӣ ба мардум дар хусуси ҷанги таркибӣ ва сиёсатҳои душман дар ин заминаро лозим донист ва гуфт: дар ҷанги таркибӣ, ҳамлаи низомӣ вуҷуд надорад, балки таблиғотчиҳои хориҷӣ ва думболаравҳои онҳо дар дохил бо васваса, ба боварҳои динӣ ва сиёсии мардум ҳамла мекунанд, то бо дигаргун нишон додани ҳақиқатҳо, иродаи миллатро суст ва шӯълаи умедро дар дили ҷавонон хомӯш ва онҳоро аз оянда ва кору пешрафт маъюс кунанд.”

Эшон бо ишора ба истифода аз анвоъи абзорҳо ва авомил дар ҷанги таркибӣ ҳамчун авомили фарҳангӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, нуфуз барои эҷоди яъс ва ғафлат аз тавоноии худ, афзуд: “онҳо саъй мекунанд мардумро ба роҳҳои иттилоърасонии мо бадбин ва аз он ҷудо кунанд бо ин иддао, ки ба радио телевизион ва ба гузоришҳои масъулон гӯш надиҳед, чароки хилофи воқеъ аст ё инки ба ҳарфҳои раҳбарӣ таваҷҷуҳ накунед, зеро ин ҳирфҳо такрорӣ аст, такрорӣ аст?!”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар радди иддаоҳои бадхоҳон илова кард: ҷабҳаи душман солҳо аст, ки бо садои баланд эълом мекунад, ки мехоҳем Ҷумҳурии Исломиро ба зонӯ дароварем ва дар муқобил, раҳбарӣ мегӯяд “ғалат мекунед”, ин такрор нест, балки истиқомат ва истодан пойи сухани ҳақ тибқи дастури Парвардигор аст.”

Эшон бо таҷлил аз ҳузури мустамари мардум дар саҳна, намунаи ахири бедорӣ ва истодагии мардумро муқобила бо иғтишошҳои ахир хонд ва таъкид кард: “мардум ба ҳамаи касоне, ки дар иғтишошҳо таҳрик ё аз иғтишошгарон ҳимоят карданд, сайлӣ заданд ва ба хосту иродаи илоҳӣ дар оянда низ миллати Эрон ба душманони худ сайлӣ хоҳад зад.”

Раҳбар инқилоби исломӣ афзуданд: “банда қотеъан эълом мекунам миллати Эрон қавӣ ва дар ҳоли пешрафт ва қодир ба рафъи айбҳо худ ва эҷоди таҳаввул аст.”

Эшон бо таъкид бар идомаи ҳимояти низом аз ҷабҳаи муқовимат, иддаои дурӯғи мушорикати Эрон дар ҷанги Украинаро рад кард ва гуфт: мо ҳузур дар ҷанги Украинаро қотеона ва сареҳан рад мекунем ва абадан чунин чизе сиҳат надорад. Ҷанги Украинаро Амрика барои густариши НАТО ба шарқ роҳ андохт ва акнун низ дар ҳоле, ки мардуми Украина гирифтор ва дучори мушкилот ҳастанд, бештарин судро аз ҷанг, Амрико ва корхонаҳои аслиҳасозии он мебаранд ва ба ҳамин иллат, монеи корҳои лозим барои поёни ҷанг мешаванд.”

Эшон умедофариниро ба маънои пинҳон кардани заъфҳо ва худфиребӣ надонист ва афзуд: “заъфҳо ҳам бояд баён шавад, аммо дар канори онҳо, бояд нуқтаҳои умедбахш ва оянда ва уфуқи равшан низ нишон дода шавад ва дар муқобили чашми ҳамагон қарор бигирад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ишорае ба сардаргумии Амрикоиҳо дар минтақа гуфт: “роҳ ва сиёсати низом дар минтақа равшан аст ва медонем чӣ кор мекунем, аммо амрикоиҳо, мутаҳайир ва дармондаанд чаро, ки агар дар минтақа бимонанд, монанди Афғонистон бо нафрати рӯзафзӯни миллатҳо мувоҷеҳ ва маҷбур ба тарки минтақа мешаванд ва агар бираванд ҳам, тамаъҳои худро аз даст медиҳанд, ки ин сардаргумӣ нишонаи заъфи ошкори онҳо аст.”

Раҳбари инқилоб ҳамчунин бо сипоси Худованд барои дидори ҳузурии муҷаддад бо мардуми диндори Машҳад ва зоирони ҳарами ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо-ар-Ризо (а) аз ҳамаи донишмандон, муҳаққиқон, пизишкон, парасторон, довталабони мардумӣ, марказҳои тавлид ва тазриқи воксина ва лавозими беҳдоштӣ ва дигар касоне, ки дар солҳои ахир дар маҳори болоҳо ва офатҳои умумии коронавирус фаъол буданд, ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад