Тоҷикистон: паймонҳои худ барои узвияти комили Эрон дар Шангҳайро иҷро кардем

Мансабдори бахши ВКХ-и Тоҷикистон гуфт: тааҳҳудоти худ дар ҷиҳати вуруди комили Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шангҳайро анҷом додаем.

Мансабдори бахши Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт: тааҳҳудоти худ дар ҷиҳати вуруди комили Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шангҳайро анҷом додаем.

Аҳмад Саидмуродзода, сарпараст ҳамоҳангкунандаи миллии Тоҷикистон дар умури Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай гуфт, ки кишвар тааҳҳудоти худ дар ҷиҳати вуруди комили Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай анҷом додааст. Ин мансабдори тоҷик изҳор дошт: Тоҷикистон қаблан ба дабирхонаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангҳай дар хусуси такмили мароҳили дохилӣ марбут ба зарурӣ будани иҷрои ёддошти тааҳҳудоти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои касби вазъияти узвияти комил дар ин созмон иттилоъ додааст. Бад ин тартиб ҷониби Тоҷикистон ба тааҳҳудоти худ дар масири вуруди ҶИЭ ба ин созмон ба унвони узви комил амал кардааст.

Муродзода тасреҳ кард: дар робита бо ин мавзӯъ бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон мубтакири пайгирии дархости Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай буда ва ин мавзӯъ ба унвони яке аз авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон дар солҳои 2020-2021 ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷа, дар иҷлоси созмон, ки дар 17 сентябри 2021 дар Душанбе баргузор шуд, тасмими шӯрои сарони кишварҳои узв мабнӣ бар оғози раванди пазириши Эрон ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай гирифта шуд.

Бинобар гуфтаи ин мақоми тоҷик, интизор меравад дар даҳаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай дар Ҳинд, тасмим дар мавриди такмили мароҳили пазириши Эрон гирифт ва ҶИЭ узвии пурра ва комили ин созмон хоҳад шуд.

Созмони Ҳамкории Шангҳай дар 15 июни 2001 эҷод шуда ва шомили Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон мебошад. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дорои вазъияти нозир ҳастанд ва Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шариланка кишварҳои шарик ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад