Созишномаи Тоҷикистон бо Русия бораи содироти сабзавот

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” бо ширкати русиягӣ ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” бо ширкати русиягӣ ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Ба гузориши манбаъ:

Созишномаи ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт”-и назди Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати “Торгово-закупочная сеть – Сибирь” ҷиҳати содирот намудани маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, ба имзо расонида шудааст, иттилоъ додааст Агентии содироти Тоҷикистон.

Аз ҷумла ба минтақаи Сибири Русия пиёз, сабзӣ, карам, меваи тару тоза ва хушк, инчунин маҳсулоти тайёри ғизоӣ, бахусус шарбатҳои табиӣ ва афшураҳои меваҷот содирот мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, ахиран мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо ҳайати намояндагони Ҳукумати Олтойи Русия дидору гуфтугӯ кард.

Ҳайати Олтойи Русияро Игор Степаненко, намояндаи ҳукумати ин минтақаи Русия роҳбарии мекард, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ин дидор масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти ташкил намудани корхонаи муштарак барои ба роҳ мондани истеҳсоли меваю сабзавот дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таъмини интиқоли кафолатноки минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.

Дар доираи сафар ба Тоҷикистон ҳайати Ҳукумати Олтой бо имконоти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон шинос шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар пойтахти кишвар ахиран масъалаҳои ҷалби сармояи Русия ба Тоҷикистон ва таъсиси фонди сармоягузории муштарак баррасӣ шуд.

Масъалаи таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ахиран дар шаҳри Душанбе зимни гуфтугӯи раҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар бо роҳбарияти вазорати иқтисоди Русия баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти кумитаи сармоягузорӣ.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин музокирот ҳамчунин масъалаи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст баррасӣ гардид.

Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия, хусусан масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ин дидор масъалаҳои ҷалби сармоя аз Русия ба Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрии дуҷониба буд.

Манбаъ хабар додааст, ки дар ин гуфтугӯҳои ҷонибҳо ҳамчунин барои андешидани тадбирҳои зарурӣ барои баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад