Коҳиши 35 дарсадии содироти маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон

Беш аз нисфи ҳаҷми умумии содироти маводи нассоҷӣ дар Тоҷикистон ба пахтаи хом рост меояд. 

Беш аз нисфи ҳаҷми умумии содироти маводи нассоҷӣ дар Тоҷикистон ба пахтаи хом рост меояд. 

Ҳамзамон, ҳаҷми содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти аз онҳо тайёршуда дар моҳи январи соли 2023, 35,4 фоиз коҳиш ёфт.

Маълумоти омории содироти ин маҳсулот нишон медиҳад, ки 55,3 дарсади ин маблағ ба фурӯши нахи хоми пахта ба хориҷи кишвар рост меояд.

Бино ба омоо, дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ аз онҳо 17 миллиону 996 ҳазор долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 35,4% камтар аст.

9 миллиону 958,3 ҳазор доллари ин маблағро даромад аз фурӯши нахи пахта бо коҳиши 54,7% ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти маводи нассоҷӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ аз онҳо дар ин давра беш аз 8,2 миллион долларро ташкил додааст, вале воридоти маҳсулоти тайёри нассоҷӣ бо арзиши баланди изофӣ сурат мегирад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон нишондиҳандаҳоро нигоҳ медорад – ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ аз ҳаҷми содирот хеле зиёд аст.

Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 7,3 миллиард долларро ташкил дод.

Ҳамин тариқ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 15% бештар аст. Чунин маълумотро Агентии омори ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад.

Тибқи омор, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон манфӣ боқӣ мемонад.

Зимнан, дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ аз ҷумҳурӣ хориҷшавии бебозгашти асъори хориҷӣ дар соли гузашта беш аз 3 млрд долларро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, содироти коло дар ин давра беш аз 2,1 млрд доллар ва воридот ба кишвар 5,2 млрд долларро ташкил додааст.

Дар ин давра Тоҷикистон бо 110 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошт. Русия, Қазоқистон, Швейтсария ва Чин шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё, таваррум дар соли 2023, 6% ва дар соли 2024, 6,1% афзоиш хоҳад ёфт.

Зимнан зикр гардид, ки сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба коҳиши афзоиши қимати коло ва хидматрасонӣ барои истеъмолкунандагон мусоидат мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад