Ҳаҷми воридот ба Тоҷикистон беш аз ҳаҷми содирот

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон нишондиҳандаҳоро нигоҳ медорад - ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ аз ҳаҷми содирот хеле зиёд аст.

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон нишондиҳандаҳоро нигоҳ медорад – ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳурӣ аз ҳаҷми содирот хеле зиёд аст.

Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 7,3 миллиард долларро ташкил дод.

Ҳамин тариқ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 15% бештар аст. Чунин маълумотро Агентии омори ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад.

Тибқи омор, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон манфӣ боқӣ мемонад.

Зимнан, дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ аз ҷумҳурӣ хориҷшавии бебозгашти асъори хориҷӣ дар соли гузашта беш аз 3 млрд долларро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, содироти коло дар ин давра беш аз 2,1 млрд доллар ва воридот ба кишвар 5,2 млрд долларро ташкил додааст.

Дар ин давра Тоҷикистон бо 110 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дошт. Русия, Қазоқистон, Швейтсария ва Чин шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё, таваррум дар соли 2023, 6% ва дар соли 2024, 6,1% афзоиш хоҳад ёфт.

Зимнан зикр гардид, ки сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба коҳиши афзоиши қимати коло ва хидматрасонӣ барои истеъмолкунандагон мусоидат мекунад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Корхонаҳои сохтори вазорати саноии Беларус дар моҳи январ-ноябри соли 2022 содироти маҳсулотро ба кишварҳои ИДМ 40 дарсад афзоиш додаанд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 корхонаҳои Вазорати саноати Беларус содироти маҳсулотро ба Тоҷикистон 60,8 дарсад афзоиш додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Белта”.

Тибқи иттилои ин хабаргузорӣ корхонаҳои Вазорати саноати Беларус дар давраи зикршуда содироти маҳсулотро ба кишварҳои ИДМ қариб 40 дарсад афзоиш доданд.

Суръати афзоиши содироти молхои корхонаҳои саноии Беларуст дар моххои январь-ноябри соли гузашта 114,1 фоиз ва воридот бошад 101,7 фоизро ташкил додааст. Бакия мусбат аст.

Таъкид шудааст, ки маҳсулоти корхонаҳои Вазорати саноат ба 120 кишвари ҷаҳон фиристода мешавад.

Аз ҷумла содирот ба кишварҳои ИДМ дар моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 39,7% (аз ҷумла ба Русия 52,4%), ба Қазоқистон 32,9%, Арманистон 48,8%, Қирғизистон 30,3%, Тоҷикистон 60,8 фоиз ва ба Озарбойчон — 14,4 дарсад афзудааст.

Дар баробари ин содирот назаррас ба кишварҳои хориҷ аз ҷумла ба Миср (4,8 баробар), Зимбабве (10 баробар), Аморати Муттахидаи Араб (3,2 баробар), Лубнон, Гана, ва Ироқ ба қайд гирифта шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад