8 ҳазор ҷойи кори холӣ дар “Роғун”

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар садри як ҳайат аз майдони сохтмони НБО "Роғун" боздид кардааст, ки гуфта мешавад ба 8 ҳазор коргар ниёз дорад.

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар садри як ҳайат аз майдони сохтмони НБО “Роғун” боздид кардааст, ки гуфта мешавад ба 8 ҳазор коргар ниёз дорад.

Ба гузориши манбаъ:

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пеши вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, Гулнора Ҳасанзода барои таъмини нерӯгоҳи “Роғун” бо коргару мутахассис вазифа гузоштааст.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, раисҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат барои таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии нерӯгоҳи “Роғун” бо коргару мутахассисони зарурӣ вазифагузорӣ кардаст.

Барои иҷрои ин супориш дар вазорат Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии нерӯгоҳ бо кадрҳо таъсис ёфтаст.

Дар иттилоия омадааст

“Ситодҳои ҳамсон, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, тавассути ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод корҷӯёнро барои кор ба “Роғун” сафарбар намуда истодаанд”.

Ҳамчунин гурӯҳи кории вазорат таҳти роҳбарии вазир аз НБО “Роғун” боздид намуда, бо шароити кору истироҳат ва маишати бунёдгарони нерӯгоҳ шинос шудаст.

Дафтари матбуоти Вазорат изҳор дошт:

“Доир ба ҳамкориҳо вобаста ба ҷалби неруи корӣ ва ташкили таҷрибаомӯзӣ дар ин иншоот бо роҳбарияти ҷамъияти мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт”.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки мувофиқи маълумоти дастрасшуда айни ҳол ширкатҳо дар “Роғун” ба зиёда аз 8 ҳазор мутахассис ва корманди одӣ эҳтиёҷ доранд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) ба Тоҷикистон 15 миллион доллар грант ё ёрии бебозгашт медиҳад.

Дафтари матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 16-уми январ дар эъломияе гуфт, пул барои дастгирии фаннии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” истифода хоҳад шуд.

Дар эъломияи Бонки Ҷаҳонӣ омадааст:

“Ин дастгирии техникӣ барои ба кор ҷалб кардани коршиносон дар соҳаи бехатарии сарбанд ва чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоӣ аст ”.

Ҳукумат нерӯгоҳи “Роғун”-ро ҳаёту мамоти Тоҷикистон меномад, ки дар сурати анҷоми сохтмонаш метавонад, кишварро ба истиқлоли энержӣ бирасонад.

Нерӯгоҳи «Роғун» бо иқтидори 3600 мегават дар сурати такмил бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард. Садди нерӯгоҳ бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Сохтмони нерӯгоҳ дар аҳди Шӯравӣ оғоз ёфт, вале ба сабаби ҷанги дохилӣ қатъ шуд. Соли 2010 саҳмияҳои нерӯгоҳро фурӯхтанд ва соли 2016 ба сохтмони асосии он сар карданд. Онро ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo SpA) месозад. Айни замон ду турбинаи он кор мекунад, вале бо вуҷуди ин дар фасли сармо мардум нерӯи барқи кофӣ намегиранд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, умедвор аст, муассисаҳои байнулмилалии молӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ, ки миллиардҳо доллари дигар зарур аст, қарз медиҳанд ва ё кумак мекунанд. Дар гузашта дар бораи суистифодаи маблағҳо ва ғайриҳадафмандона харҷ кардани онҳо гузориш шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад