Кумаки 15 млн доларии Бонки Ҷаҳонӣ барои сохти Роғун

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) ба Тоҷикистон 15 миллион доллар грант ё ёрии бебозгашт медиҳад.

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) ба Тоҷикистон 15 миллион доллар грант ё ёрии бебозгашт медиҳад.

Дафтари матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 16-уми январ дар эъломияе гуфт, пул барои дастгирии фаннии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” истифода хоҳад шуд.

Дар эъломияи Бонки Ҷаҳонӣ омадааст:

“Ин дастгирии техникӣ барои ба кор ҷалб кардани коршиносон дар соҳаи бехатарии сарбанд ва чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоӣ аст ”.

Ҳукумат нерӯгоҳи “Роғун”-ро ҳаёту мамоти Тоҷикистон меномад, ки дар сурати анҷоми сохтмонаш метавонад, кишварро ба истиқлоли энержӣ бирасонад.

Нерӯгоҳи «Роғун» бо иқтидори 3600 мегават дар сурати такмил бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард. Садди нерӯгоҳ бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Сохтмони нерӯгоҳ дар аҳди Шӯравӣ оғоз ёфт, вале ба сабаби ҷанги дохилӣ қатъ шуд. Соли 2010 саҳмияҳои нерӯгоҳро фурӯхтанд ва соли 2016 ба сохтмони асосии он сар карданд. Онро ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo SpA) месозад. Айни замон ду турбинаи он кор мекунад, вале бо вуҷуди ин дар фасли сармо мардум нерӯи барқи кофӣ намегиранд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, умедвор аст, муассисаҳои байнулмилалии молӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ, ки миллиардҳо доллари дигар зарур аст, қарз медиҳанд ва ё кумак мекунанд. Дар гузашта дар бораи суистифодаи маблағҳо ва ғайриҳадафмандона харҷ кардани онҳо гузориш шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҳукумати Тоҷикистон маблағҳои мазкурро ба сохтмони НБО “Роғун” аз Бунёди суботи рушди иқтисоди кишвар ихтисос дода додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи кишвар дастур додааст, ки аз ҳисоби Бунёди суботи рушди иқтисод ба ҳисоби ҶСК НБО “Роғун” 200 миллион сомонӣ (ҳудуди 20 миллион доллар) ихтисос диҳад.

Қарори дахлдори ҳукумат, ки 11 ноябри соли 2022 ба тасвиб раисдааст, дар Маҳзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Дар ҳуҷҷат омадааст :

“Бо дарназардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ нақшаи маблағгузории Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО “Роғун” дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022 танзим карда шавад”.

ҶСК НБО “Роғун” вазифадор карда мешавад, ки истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, дар бораи хароҷоти сарфшуда ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод намояд.

Бунёди суботи рушди иқтисод тибқи моддаи 16 Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022” аз ҳисоби барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пур карда мешавад.

Маблагхои Бунёди мазкур, пеш аз хама, ба рушди саноати сузишворию энергетики, таъмини амнияти озуқавории ҷумхурӣ, пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ ва сари вақт иҷро намудани қарзи берунии давлатӣ равона карда мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ки тавре қаблан мақомоти кишвар гуфта буд, барои анҷоми нақшаи сохтмони нерӯгоҳ кофӣ нест.

Ҳанӯз соли 2020 роҳбарияти кишвар ба гурӯҳи кории байниидоравии дахлдор супориш дода буд, ки барои дарёфти манбаи маблағгузорӣ барои сохтмони НБО “Роғун” чора андешад.

Ёдовар мешавем, қаблан Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо бунёдгарони НБО “Роғун” гуфта буд, ки дар соли равон барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад