Расидани кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Сурия

Бо ду ҳавопаймо 55 тонна кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба шаҳри Димишқ расонида шуд ки он ба мардуми аз заминларза зарардидаи Сурия тақдим гардид.

Бо ду ҳавопаймо 55 тонна кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба шаҳри Димишқ расонида шуд ки он ба мардуми аз заминларза зарардидаи Сурия тақдим гардид.

Ба гузориши манбаъ:

Кумаки башардӯстона иборат аз маводди ғизоӣ, пӯшока, кати хоб, лавозимоти тиббии аввалиндараҷа ва дигар ашёи зарурӣ дар маҷмӯъ 55 тонна тариқи ду ҳавопаймо ба Димишқ расонида шуд, ки он ба мардуми аз заминларза зарардидаи Сурия тақдим мегардад, иттлоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Манбаъ хабар додааст, ки кумакро дар фурудгоҳи байналмилалии Димишқ муовини вазири умури маҳаллии Сурия Муътоз Дуҳайҷӣ ва комиссияи махсус иборат аз мақомоти зирабти Сурия қабул намуд.

ЗЗик гардидааст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон кумаки башардӯстонаро сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода расман ба ҷониби суриягӣ супорид.

Зимни нишасти матбуотӣ дар фурудгоҳи Димишқ сафири Тоҷикистон бино ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар паёми таслияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Роҳбарият ва мардуми изҳор намуд.

Зубайдулло Зубайдзода таъкид кард:

“Тоҷикистон дар асоси пайванди муносибатҳои дӯстӣ бо Сурия дар ин лаҳзаҳои басо душвор дар канори мардуми зарардидаи Сурия мебошад ва кумаки имрӯза нишонаи таваҷҷуҳ ва сиёсати хайрпарваронаи Президенти Тоҷикистон мебошад”.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири умури маҳаллии ин кишвор Муътоз Дуҳайҷӣ аз номи ҳукумат ва мардуми Сурия ба кишвардори Тоҷикистон барои чунин иқдоми саривақтӣ ва дароз намудани дасти хайру сахо дар чунин лаҳзаҳои душвор миннатдории самимӣ баён намуд.

Муътоз Дуҳайҷӣ таъкид кард:

“Ҷониби суриягӣ ҳеҷ вақт ин амали наҷиби Тоҷикистонро фаромуш нахоҳад кард ва ин иқдом муҳаббати ҳукумат ва мардуми Сурияро нисбат ба раҳбари Тоҷикистон тақвият бахшид”.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешуд.

Кумакҳои башардӯстона аз 55 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат мебошад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тоҷикистон ба осебдидагони заминларзаи харобиовар дар Сурия либоси зимистона ва маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ, инчунин маводи антисептикӣ равон хоҳад кард.

Ба гузориши Sputnik:

Бо супориши Президенти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешаванд.

Дар ин бора зимни нишасти матуботӣ гуфт Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Кумаки башардӯстона аз 50 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат хоҳад буд.

“Дар мавриди фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик аз ҷониби Сурия дархост нарасидааст. Бояд гуфт, ки мо ба Туркия кумаки башардӯстона расонидем ва 50 нафар наҷотдиҳандагон низ ба ин давлат фиристода шуданд. Соли гузашта Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки аз обхезӣ зарар дид, кумаки башардӯстона расонида буд”, — иттилоъ дод вазири хориҷаи Тоҷикистон.

Ёдовари мекунем, ки қаблан Тоҷикистон ба шаҳрҳои Туркия, ки аз заминларза осеб дидаанд, кумаки башардӯстона фиристод.

Маблағи умумии ёрӣ ба сокинони шаҳрҳои харобшуда қариб 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин аз ҷумҳурӣ 50 нафар наҷотдиҳандагон, ҷарроҳон ва травматологҳои ботаҷриба ба Туркия рафтанд.

Бузургтарин заминларза дар 100 соли ахир бо шиддати 7,7 дараҷа рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия рух дод.

Заминларза ва садҳо ларзиш дар 10 вилояти ин кишвар ва ҳамчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Сурия, эҳсос шуд, ки он низ осеб дидааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад