Кадом минтақаҳои Русия бештарин муҳоҷирро доранд

Коршиносон муайян карданд, ки кадом минтақаҳо ва шаҳрҳои Русия дар байни хориҷиёне, ки бо нияти фаъолияти меҳнатӣ вориди кишвар шудаанд, нисбатан маъруфанд.

Коршиносон муайян карданд, ки кадом минтақаҳо ва шаҳрҳои Русия дар байни хориҷиёне, ки бо нияти фаъолияти меҳнатӣ вориди кишвар шудаанд, нисбатан маъруфанд.

Ба гузориши манбаъ:

Минтақаи Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дар миёни минтақаҳое, ки муҳоҷирони кории бештарро ҷалб мекунанд, пешсаф шудаанд.

Дар ин бора хадамоти таҳлилии шабакаи аудит ва консалтингии Finexpertiza бо такя ба маълумоти расмӣ иттилоъ додаст.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ 11,8 млн нафар коргарони хориҷӣ, бо шумули тамдиди сабти ном ва аз нав бақайдгирӣ дар сабти муҳоҷиратӣ қарор гирифтаанд.

Таъкид шудаст, ки беш аз 40% бақайдгирӣ ба шаҳру вилояти Маскав рост меояд, ки дар ин ҷо дар давоми сол 4,8 млн ҳолати сабти муҳоҷиратӣ ҷой доштаст.

Инчунин наздики 13%-и ҳолатҳои сабти муҳоҷирон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ё 1,5 млн ҳолат сабт ба қайд гирифта шудаанд.

Дар феҳрасти минтақаҳои нисбатан пешсаф аз рӯи ҳолатҳои сабти муҳоҷиратӣ аз ҷумла ворид шудаанд:

Минтақаи Краснодар – 2,7% ё 319 ҳазор сабти муҳоҷиратӣ,

Вилояти Иркутск — 2,3% ё худ 275 ҳазор ҳолат,

Вилояти Свердловск — 2,2% ё худ 264 ҳазор нафар

Вилояти Амур – 1,8% ё мутаносибан 216 ҳазор

Минтақаи Приморский – 211 ҳазор нафар,

Тотористон – 1,6% ё 192 ҳазор,

Минтақаи Красноярск -1,5% ё 180 ҳазор нафар

Тақрибан сеяки ҳамаи ҳолатҳои сабти номи муҳоҷирони корӣ дар байни манотиқи дигари Русия тақсим шудааст.

Шумори нисбатан ками сабти муҳоҷиратӣ дар ҳавзаи мухтори Ненетс, Қалмиқистон, Марий Эл, Тува, Чеченистон, Вилояти Мухтори Яҳудиён, Чувашистон, Хакасия, Чукотка ва Осетияи Шимолӣ ҷой дорад.

Ҳиссаи умумии ин минтақаҳо дар шумораи умумии бақайдгирӣ ҳамагӣ 0,5%-ро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, дар соли гузашта 13 млн шаҳрванди хориҷӣ марзи Русияро убур кардаанд, ки аз ин шумора наздики 3,5 млн нафар ё наздик ба 27% ҳадафи сафарро фаъолияти меҳнатӣ қайд кардаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Бо вуҷуди вориди ҷанг бо Укроин шудани Русия ва таҳримҳои сангин алайҳи ин кишвар, шумори муҳоҷироне, ки барои кор ба онҷо рафтаанд, афзоиш ёфтааст.

Як таҳқиқот нишон додааст, дар соли 2022 назар ба соли 2021 30 дарсад бештар муҳоҷирон ба Русия ворид шудаанд.

Тибқи иттилоъи хабаргузории расмии ТАСС-и Русия, ки рӯзи 20 феврал бо истинод ба таҳқиқоти Finexpertizа нашр шуд, дар умум соли гузашта 13 миллион нафар ба Русия ворид шудаанд. Тақрибан сеюним миллион нафари онҳо ҳадафи сафари худро кор гуфтаанд. Дар сегонаи аввал шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон қарор доранд.

Ба гуфтаи мудири ширкати Finexpertiza, соли 2022 дар Русия эҳтиёҷ ба кори курйерҳо, ронандагон, коргарони соҳаи сохтмон афзудааст.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад