Ҳушдори Ҳамос ба Исроил: аҳмақӣ накунед!

 Катоиби Иззуддин Қасом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос дар Фаластин ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки набояд бо ҳадаф қарор додани асирон аҳмақӣ кунад.

Катоиби Иззуддин Қасом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос дар Фаластин ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки набояд бо ҳадаф қарор додани асирон аҳмақӣ кунад.

Катоиби Иззуддин Қасом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос дар Фаластин ба режими муваққати саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки ин ҷунбиш талоши худро ба кор хоҳад баст, то душманро маҷбӯр кунад дар парвандаи озодсозии асирон ба шартҳои муқовимат тан диҳад.

Пойгоҳ хабарии Иззуддин Қасом гузориш дод: «режими саҳюнистӣ ба ҷомеаи худ дурӯғ мегӯяд ва эҳсосоти хонаводаҳои асирони фаластиниро ба бозӣ гирифтааст; вале мо ба душман иҷоза нахоҳем дод аз асирон ба унвони таблиғот истифода кунад».

Катоиби Қасом дар идома таъкид кард: «муқовамит асиронро дар ҷанги худ танҳо нахоҳад гузошт. Исроил ҳам набояд бо иртикоби ҳамоқат, асиронро дар дохили зиндонҳо ҳадаф қарор диҳад. Масъалаи асиронро хатти қирмиз медонем ва ба ҳар наҳви мумкин, аз онон дифоъ хоҳем кард; ҳатто агар маҷбӯр шавем қуфли зиндонҳоро бишканем».

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин ҳам ду моҳи пеш аз тавофуқи асирони ин гурӯҳи муқовимат бо идораи зиндонҳои режими саҳюнистӣ ва поёни иқдомоти хасмона алайҳи асирон хабар дод. Ҳамзамон фаластиниҳо низ даст аз эътисоби ғизо заданд.

Шӯрои олии асирони Ҷиҳоди исломӣ гуфт, пас аз музокирот сахт ва печида миёни асирон ва мақомоти зиндонҳои режими саҳюнистӣ, ки бо эътисоби ғизо ва эътирози асирон ҳамзамон шуда буд, тафоҳумҳое ба даст омад ва ба мӯҷиби он эътисоби ғизо поён меёбад.

Ҳамзамон бо ин музокирот ва эътисоби ғизои зиндониён, ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ дар Ғазза ва хориҷ аз Фаластин низ эъломи омодабош карданд ва худро барои ҳар рӯёрӯӣ то замоне, ки хостаи асирон таъмин шавад, омода карда буданд; масъалае, ки таъсири болое дар муваффақияти асирон барои расидан ба хостаҳои худашон дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад