Ҳамос: озодии Масҷидулақсо наздик аст!

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо таъкид бар исломӣ будани Масҷидулақсо ва тааллуқи комили он ба мусулмонон гуфт, созишгарони хоин ба ормони Фаластин бидонанд, ки озодии Масҷидулақсо наздик аст.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо таъкид бар исломӣ будани Масҷидулақсо ва тааллуқи комили он ба мусулмонон гуфт, созишгарони хоин ба ормони Фаластин бидонанд, ки озодии Масҷидулақсо наздик аст.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар як ҷашнвораи миллии бузург дар шаҳри Сайдо дар ҷануби Лубнон таъкид кард, ки шамшери Қудс то озодсозии комили сарзамини Фаластин хориҷ аз ғғлоф хоҳад буд.

Ҳания афзуд: мо имрӯз дар асри пирӯзиҳое ҳастем, ки миллат ва муқовимат месозад. Созишгарон ва касоне, ки ба ормони Фаластин хиёнат кардаанд, Масҷидулақсоро дур мебинанд; аммо мо онро наздик мебинем.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард: Масҷидулақсо исломӣ аст ва ҷое барои яҳудиён ва саҳюнистҳо дар он нест ва ба онҳо мегӯем рӯъёҳо ва орзуҳои шумо нобуд хоҳад шуд. Шумо дар Фаластин, Қудс ва Масҷидулақсо ояндае надоред.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос хитоб ба фаластиниёни сокини урдугоҳҳои оворагон дар Лубнон низ гуфт: акнун давраи башорат аст. Худатонро омода кунед, бозгашт шумо ба Фаластин ба хости Парвардигор наздик аст.

Ҳания бо баёни инки имрӯз режими ишғолгар дар ҷанги мавҷудиятӣ ба сар мебарад, баён кард: мо бо лубнониҳо ҳам дар ҳаргуна тааррузи режими саҳюнистӣ ба сарватҳои табиии нафт ва гази он эъломи ҳамбастагӣ мекунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад