Табрики Эмомалӣ Раҳмон ба Тоқаев

Тибқи назарпурсиҳое се созмон дар рӯзи интихоботи раисҷумҳури Қазоқистон гузаронидаанд, Қосимҷомарт Тоқаев барандаи интихоботи пешазмуҳлати раёсатҷумҳурии ин дониста мешавад.

Тибқи назарпурсиҳое се созмон дар рӯзи интихоботи раисҷумҳури Қазоқистон гузаронидаанд, Қосимҷомарт Тоқаев барандаи интихоботи пешазмуҳлати раёсатҷумҳурии ин дониста мешавад.

Натиҷаи расмӣ ҳанӯз эълон нашуда, аммо Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз Тоқаевро табрик кард.

Бар асоси нахустин назарсанҷии Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии минтақашиносии «Ҷамъияти боз», Қосимҷомарт Тоқаев 82,45 дарсади раъйро ба даст овардааст.

Тибқи назарпурсии Институти сиёсати ҷамъиятии ҳизби ҳокими «Амонат»-и Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 85,42 дарсад овоз гифифтааст.

Пажӯҳишгоҳи ҳамаҷонибаи иҷтимоии «SOCIS-A» гуфтааст Тоқаев 82,02 дарсад раъй овардааст.

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Қазоқистон то соати 22:00-и рӯзи 20 ноябр идома кард. Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон, дар интихобот 69,43 дарсади афроди қобили раъй иштирок кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияе ба ҳамтои “нав”-и қазқаш навиштааст “Шуморо ба муносибати пирӯзии қатъӣ дар интихоботи президентӣ самимона шодбош мегӯям. Ба ин муносибат самимонатарин ва беҳтарин таманниёти маро қабул фармоед”.

Пирӯзии Тоқаевро раисҷумҳури Тоҷикистон “далели равшани нуфузи баланди сиёсии” ӯ ва “дастгирии мардум аз роҳи пешгирифта”-аш дониста изҳори боварӣ кардааст, ки дар давраи ояндаи роҳбарии ӯ “Қазоқистони бародар дар ин роҳ ба қуллаҳои нав мерасад”.

 дар хабарҳо омадааст : 

Дар интихоботи ғайринавбатии президенти дар Қазоқистон, роҳбари феълии кишвар, Қосим – Ҷомарт Тоқаев раъйи худро дод. Вай зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки ислоҳоти сиёсиро дар Қазоқистон идома медиҳад, дар акси ҳол карахтӣ рух хоҳад дод.

Ба суол, ки оё баъди интихобот ҳукуматро ба истеъфо мефиристад ё на, Тоқаев зикр намуд, ки бар асоси қонунгузорӣ ин ҳатмӣ нест.

Тоқаев гуфт: “Ин баъди интихоботи парлумонӣ ҳатмӣ мебошад, ки дар бораи баргузории он то охири сол изҳороти хосеро ироа хоҳам кард”.

Вай таъкид намуд, ки тағйироти мушаххасеро дар ҳукумат идома хоҳад дод.

Дар мавриди номзадҳои дигар ба президентӣ Тоқаев изҳор дошт, ки бевосита бо онҳо шинос нест, аммо муътақид аст, ки шахсони сазоворанд, ки дар рушди Қазоқистон саҳм мегузоранд.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи сентябр зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.

Роҳбарии тӯлонии як нафар дар давлат на ба раисҷумҳур ва на ба кишвар шараф намеорад, изҳор дошта буд Тоқаев ва афзуд, дар минтақа Қазоқистон ягона кишвар бо як муҳлати президентӣ мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад