5,2 дарсад мизони таварруми солона дар кишвар

Таваррум ба ҳисоби солона, тибқи маълумоти Бонки миллӣ, 5,2 фоизро ташкил дод.

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 0,4 дарсадро ташкил дод.

Дар ин бора Бонки миллии кишвар хабар медиҳад, ки дар мохи сентябр 0,3 фоиз кам шудани нархи мол ба қайд гирифта шуд. Аз аввали соли ҷорӣ мизони таваррум 3,5% буд.

Таваррум ба ҳисоби солона, тибқи маълумоти Бонки миллӣ, 5,2 фоизро ташкил дод.

Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррумро дар соли ҷорӣ 6% пешбинӣ кардааст.

Соли гузашта Тоҷикистон шоҳиди таварруми бесобиқа дар 10 соли охир гашта буд, ки ба 9,4% баробар шуд. Соли 2022 ин нишондиҳанда аз 8% убур карда буд.

Мақомоти Тоҷикистон дар аксар ҳолат оморро нодуруст нишон медиҳанд ва дасткорӣ дар он дар ҳама соҳаҳо ба таври густурда дида мешавад. Дар кишвар институтҳои мустақиле, ки омори дақиқ ва алтернативиро пайгирӣ ва нашр кунанд, вуҷуд надоранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад