Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аслитарин маконҳо барои таҷлили соли нави русҳо

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз охири моҳи декабри соли 2022 то 8 январи соли 2023 барои сайёҳони рус дастрастарин самтҳо барои таҷлили соли нав хоҳанд шуд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз охири моҳи декабри соли 2022 то 8 январи соли 2023 барои сайёҳони рус дастрастарин самтҳо барои таҷлили соли нав хоҳанд шуд.

Тоҷикистон ба як макони камхарҷ барои русҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нави мелодӣ табдил ёфтааст.

Ҳамин тавр, тибқи иттилои хадамоти сайёҳии OneTwoTrip, аз 30 декабри соли 2022 то 8 январи соли 2023 сафар ба кишварҳои хориҷи наздик хоҳанд шуд.

Манбаъ нархи чиптаҳои парвозро дар рӯзҳои таҷлили солинавӣ таҳлил кардааст.

Арзиш аз рӯи шаҳрҳои пешрафта омӯхта шудааст – ба хусус парвозҳо аз Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Екатеринбург ва Минералные Воды ба тарафи панҷ кишвари арзонтарин аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

Нархҳо барои як шахс ва як тараф ҳисоб карда шудааст.

дар маълумоти хадамот омадааст :

“Инак аз Маскав ба Тоҷикистон метавон аз 26,4 ҳазор рубл, аз Санкт-Петербург – 33,5 ҳазор рубл ва аз Екатеринбург арзонтар – ҳамагӣ 20,9 ҳазор рубл чиптаи парвоз харид”.

Беларус арзонтарин самт будааст – арзиши миёна аз пойтахти Русия тақрибан 15,6 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Дар мавриди кишварҳои ҳамсоя бошад, арзиши чита аз Маскав ба Ӯзбекистон ҳамагӣ 17,8 ҳазор рубл ва ба самти Қирғизистон 21,1 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Аз Санкт-Петербург арзонтарин парвоз ба Арманистон будааст нархи чипта 21,5 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Теъдоди сафарҳои шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ хеле афзоиш ёфтааст.

Шумораи шаҳрвандони Русия, ки аз Тоҷикистон дидан намуданд, рекорди панҷсоларо шикаст.

Дар ин бора аз омори нашркардаи Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Русия бармеояд. Ин маълумот аз моҳи июл то сентябри соли 2022 сабт шудааст.

Шумораи умумии шаҳрвандони Русия, ки ба ориҷ сафар намудаанд дар инмуддат ба 9,7 миллион нафарро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба семоҳаи дуюм (5 миллион нафар) тақрибан ду баробар ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион нафар зиёд аст.

Дар ҳамин ҳол, шумораи сафарҳо ба хориҷа нисбат ба соли пеш аз пандемия 2019 камтар буд, ки дар ҳамин давра 16,1 миллион сафар ба қайд гирифта шудааст.

Омори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин аст:

Қазоқистон — русҳо дар семоҳаи сеюм 1,3 миллион маротиба ворид шуданд;

Қирғизистон – 167 ҳазор маротиба (100% зиёд нисбат ба соли 2019);

Ӯзбекистон – 126 ҳазор маротиба (102% зиёд нисбат ба соли 2019).

Ёдовар мешавем, ки вуруд ба Тоҷикистон дар сурате иҷозат дода мешавад, ки шаҳодатномаи ваксина дар бораи ковид ё натиҷаи санҷиши ПСР на дертар аз 72 соат пеш гузашта бошед.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад