Кишварҳои Осиёи Марказӣ манофеи худро дар Афғонистон мегӯянд

Коршиноси рус мегӯяд, ҳар кадом аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пайи манфиати худ дар Афғонистон ҳастанд.

Александр Князов, коршиноси рус изҳор дошт, ҳадафи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо давлати Толибон манфиатҳои мутафовите аст, ки дар Афғонистон онҳо меҷӯянд.

Вай гуфт, ба таври мисол, барои Қазоқистон, Афғонистон бозори бисёр муҳимме барои содироти ғалла аст ва эҳтимолан ба ҳамин сабаб ин кишвар сафорати худро дар Кобул ҳифз кард ва яке аз аввалин кишварҳое буд, ки бо давлати муваққти Толибон равобити тиҷорӣ барқарор кард.

Ин коршиноси рус гуфт, манофеи иқтисодии Туркманистон дар Афғонистон хело бештар аст ва ба ҳамин сабаб Ишқобод аз августи 2021 бо Толибон дар тамос будааст.

Вай илова кард, барои Узбекистон ҳам Афғонисон яке аз авлавиятҳо мебошад, зеро ин кишвар Афғонисонро бозори муҳимме барои саноати худ ва пули иртибоӣ бо дигар кишварҳо махсусан аз тариқи роҳиоҳан медонад.

Ин коршиноси рус дар интиҳо таъкид кардааст, вазъият нишон медиҳад, ки бозигарони минтақавӣ ба далели ниёзҳои иқтисодӣ ва амниятӣ ба ҳамкорӣ ва таомул бо давлати муваққати Толибон ниёз доранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад