Бозҳам як маҳсули ғизоии дигар дар Тоҷикистон гарон шуд

Истеҳсолкунандагону масъулин аз вилояти Суғд омили гароншавии тухм ва эҳтимоли бемории парандагонро шарҳ доданд.

Истеҳсолкунандагону масъулин аз вилояти Суғд омили гароншавии тухм ва эҳтимоли бемории парандагонро шарҳ доданд.

Наздики як моҳ мешавад, ки нархи тухм дар бозорҳои кишвар боло меравад. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд –  маркази вилояти Суғд арзиши як дона тухми мурғ ба 1,7 сомонӣ баробар шуда, як қуттии он ҳудуди 50 сомонӣ фурӯхта мешавад. Қаблан 1 дона тухм ҳудуди 1,1 сомонӣ ва як қуттии он 33-35 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Сабаби болоравии нархи тухмро фурӯшандагон дар бозорҳои Хуҷанд ба болоравии нархи ин маҳсулот дар фабрикаҳои истеҳсоли тухм рабт медиҳанд.

Гулноза, яке аз фурӯшандагони тухм дар бозори Афросиёб мегӯяд, ки сабаби аслии гароншавии нархи тухмро аз истеҳсолкунандаи он бояд пурсид, зеро ӯ худ низ аз болоравии нарх дар тааҷҷуб аст, вале сабабашро намедонад.

Ҳамин тавр, чандин фурӯшандаи тухм дар бозори Панҷшанбе низ гароншавии нархро тасдиқ карда, сабаби онро ба истеҳсолкунанда рабт доданд.

Ду сабаби гароншавии тухм аз назари истеҳсолкунанда

Истеҳсолкунандагони тухм дар Хуҷанд бошанд, асосан ду омилро дар болоравии нархи тухм муассир номиданд.

Ғайрат Раҳимов, масъули ширкати ҶДММ “Авҷпар” мегӯяд, ки дар болоравии нархи тухм пеш аз ҳама ду омили асосӣ – эҳтимоли бемории мурғҳо ва болоравии нархи хӯрокаи мурғ таъсир мегузорад.

Ғайрат Раҳимов мегӯяд :

“Беморшавии мурғҳои тухмдиҳанда истеҳсолкунандагонро маҷбур кард, ки мурғҳоро зудтар, то тухмдиҳӣ расидан барои омода кардани гӯшт супоранд, аммо ин ҳоло расман тасдиқ нашудааст. Баъдан, нархи ғизои мурғҳо ва витамини онҳо, ки аксар фермаҳои мурғпарварӣ аз хориҷи кишвар ворид мекунанд, боло рафт ва ин ду омил боиси афзоиши нарх шуд”.

Ӯ мегӯяд, барои мурғҳо ҳудуди 20 намуди ғизо  меоранд, ки бештари онҳо аз хориҷа ворид мешавад ва гароншавии арзиши ғизои мурғ дар хориҷа ба нархи тухм дар Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.

“Санҷидем, бемории мурғҳо овоза аст”

Дар ҳамин ҳол, Ислом Раҳимов, муовини сардори раёсати Кумитаи бехтарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ки овозаҳо дар хусуси паҳн шудани беморӣ миёни мурғҳо ва бармаҳал барои омода кардани гӯшт супоридани мурғҳои тухмдеҳ асос надоранд.

Ислом Раҳимов мегӯяд  :

“Мо ҳам ин гуна овозаҳоро шунидем ва ба фермаҳои мурғпарварӣ рафта, санҷиш гузаронидем, аммо ҳеҷ яке аз ин овозаҳо тасдиқи худро наёфтанд. Ягон хел беморӣ ҳам вуҷуд надорад ва мурғҳои тухмдеҳ низ барои гӯшт супорида нашудаанд”.

Ба андешаи ӯ, ягона омили болоравии нархи тухм ин афзоиши арзиши озуқаи мурғ ва гароншавии нархи қувваи барқ аст.

Ислом Раҳимов гуфт :

“Аз рӯи таҳлилҳои мо сабаби асосӣ гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ барои мурғҳо аст, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд. Болои 1 кг маводи хӯрокаи мурғҳо айни ҳол нисбат ба нархи пештара як сомонӣ илова шуда истодааст. Яъне, ба як тонна маҳсулот 1 000 сомонӣ зам мешавад. Табиист, ки ин хароҷот боли тухм илова мегардад. Ҳамчунин, болоравии арзиши қувваи барқ аст низ дар ин раванд бетаъсир набуд”.

Тавре зикр гардид, болоравии нархи тухм дар тамоми минтақаҳои кишвар мушоҳида мешавад. Масалан, дар шаҳри Душанбе арзиши як дона тухм дар ин шабу рӯз на камтар аз 1,40 сомонӣ буда, тухми мурғи “Порсиён” дар супермаркетҳо бо нархи 1,75 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар аввали сол нархи 1 дона тухм дар пойтахт ба ҳисоби миёна 85 дирам буд.

Содироти тухм ва норасоии корхонаи истеҳсоли хӯрок барои паррандагон

Дар Душанбе бархе аз фурӯшандагон болоравии нархро ба содироти он марбут медонанд. Бино ба маълумоти Агентии содироти Тоҷикистон, танҳо дар зарфи 4 моҳи соли 2022 аз Тоҷикистон ҳудуди 18 млн дона тухм ба хориҷи кишвар содир шудааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти чорводорӣ зиёда аз 1,8 млн долларро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо додани имтиёзҳои муайян ва маҳдуд кардани воридоти тухм аз кишварҳои дигар такя карданд.

Дар натиҷа, соли 2021 дар Тоҷикистон зиёда аз 800 млн дона ва дар 6 моҳи соли 2022 – 576,1 млн дона тухми мурғ истеҳсол шуд, ки 24,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Тибқи пешгӯиҳо, то охири сол истеҳсоли тухми мурғ бояд то 1 млн дона расонида шавад. Бо вуҷуди зиёд шудани истеҳсоли тухм, барои пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ он кифоя нест.

Мувофиқи меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли тухм дар як сол, ба Тоҷикистон 1,6 млрд дона тухм лозим аст.

Ҳудуди 80%-и арзиши аслии тухмро хариди хӯрок ташкил медиҳад. Шумори фабрикаҳои парандапарварӣ дар Тоҷикистон афзуда, лекин корхонаи истеҳсоли хӯрок барои парандагон қариб нест.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар зарфи 9 моҳи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 млн доллар наздики 110 ҳазор тонна комбикорм харидааст.

Дар ҳамин ҳол, барномаи ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) хабар медиҳад, ки нархи содиротии гандум ва ҷуворимакка, ки асоси хӯроки парандагонро ташкил медиҳад, дар саросари ҷаҳон боло рафта, нархи тухми мурғ дар ҳамаи кишварҳо зиёд шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сокинони минтақаи Рашт дар шарқи Тоҷикистон аз гаронии маҳсӯлоти асосӣ шикоят доранд.

Ба гузориши расонаҳои минтақа шаҳрвандони минтақаи Рашти Тоҷикистон аз афзоиши бархе маҳсӯлоти асосӣ гиламанд ҳастанд.

Шикояти сокинонро дар ин видио метавонед бебинед :

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба аз худ кардани таҷрибаи ҳамкасбони рус ва зиёд кардани содироти сабзавоту мева ба Русия манфиатдор аст.

Дуюмин соҳаи калонтарини иқтисоди Тоҷикистон баъд аз саноат — кишоварзӣ ҳамаи душвориҳоро бомуваффақият бартараф карда, нишондиҳандаҳои худро баланд мебардорад.

Дар ин бора Нигина Анварӣ, муовини раиси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар чорчӯби ҳамоиши байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар Душанбе изҳор дошт.

Нигина Анварӣ қайд кард :

“Ба он (кишоварзӣ – шарҳ аз идора) 4 ҳиссаи ММД-и кишвар рост меояд. Дар давраи пандемияи корона бахши кишоварзӣ на танҳо ба буҳрон тоб овард, балки тамоюли афзоиши беш аз 6%-ӣ нишон дод”.

Ба гуфтаи вай, сол то сол мизони интиқоли меваю сабзавот ба бозорҳои кишварҳои ИДМ афзоиш меёбад. Имкони содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия махсусан таъкид шудааст.

Вай ҳамчунин иқлими мусоиди Тоҷикистонро қайд кард, ки имкон медиҳад, дар як сол то се ҳосил ҷамъоварӣ шавад. Ин имкони содиротии кишварро афзоиш медиҳад.

Дар мавриди рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ байни кишварҳо Нигина Анварӣ аз имконоти вилоятҳои Самара ва Челябинск дар истеҳсоли ғалладона ва зироатҳои равғанӣ ёдовар шуда, ба дурнамои ҳамкориҳо дар ин хусус таъкид кард.

Ба гуфтаи муовини вазир, Тоҷикистон ба омӯзиш аз ҳамкасбони рус ва сармоягузорӣ дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ манфиатдор аст.

Вай гуфт :

“Айни замон дар низоми кишоварзӣ низоми соддакардашудаи андозбандӣ татбиқ карда мешавад”.

Дар Тоҷикистон воситаҳои истеҳсоли гӯшти мурғ ва моҳӣ, тухмӣ, техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ барои бунёди гармхонаҳо ва ҳамчунин бахши коркарди пахта аз пардохти боҷи гумрукӣ ва як қатор навъҳои андоз озод шудаанд.

Нигина Анварӣ пешниҳод кард, ки ҷуғрофиёи ярмаркаҳои Тоҷикистон дар саросари Русия густариш ёбад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад