Ордени дараҷаи III Путин ба Раҳмон

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хидматҳояш дар назди Ватан ба Ордени дараҷаи III қадрдонӣ кард.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хидматҳояш дар назди Ватан ба Ордени дараҷаи III қадрдонӣ кард.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени дараҷаи III дод, иттилоъ додааст портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Русия кишвардори Тоҷикистонро “Барои хидматҳояш дар назди Ватан” қадрдонӣ кардааст.

Фармони дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Дар санади мазкур гуфта мешавад.

“Барои саҳми бузурги шахсиаш дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Русия ва Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени “хидмат назди Ватан”-и дараҷаи III”, сарфароз гардонида шуд .

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон аз сӯйи раисҷумҳури Русия нест.

Дар соли 2017 раисҷумҳури Русия Владимир Путин, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонида буд.

Владимир Путин Президенти Тоҷикистонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия бо мукофоти олии Русия Ордени Александр Невский сарфароз намуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дар тамоси телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Владимир Путин, чашмандози тавсеаи бештари равобити дӯстонаи байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар тамоси телефонӣ бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Сарони ду кишвар дар идомаи гуфтугӯҳои муназзам, ҷанбаҳои хосе аз равобити дӯстиву ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия ва чашмандози тавсеаи бештари онро дар чорчӯби мушорикати роҳбурдӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ду тараф дар мавриди мавзуоти байналмилалӣ ва бархе аз масоили ҳамкориҳои минтақаӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа бо таъкид бар вазъияти Афғонистон табодули назар карданд.

Сарони ду кишвар ҳамчунин барномаву дастури кори рӯйдодҳои чандҷонибаи ояндаро баррасӣ ва дар хусуси ин мавзуот ба тавофуқ расиданд ва бар аҳамияти тавсеаи бештари ҳамкориҳои чандҷонибаи Тоҷикистону Русия таъкид карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад