Боздошти фарде барои интиқоли ғайриқонунии тоҷикон ба Аврупо

Муттаҳам дар кумак ба шаҳрвандон барои убури ғайриқонунии марз айбдор шуда, асосан муҳоҷирони ғайриқонуниро ба Лаҳистон интиқол медодааст.

Муттаҳам дар кумак ба шаҳрвандон барои убури ғайриқонунии марз айбдор шуда, асосан муҳоҷирони ғайриқонуниро ба Лаҳистон интиқол медодааст.

Як украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон боздошт шудаст, ки дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ айбдор мешавад.

Бар асоси гузоришҳои нашршуда дар расонаҳо, муттаҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон барои ба таври ғайриқонунӣ вориди Лаҳистон шудан кумак кардааст. Тафсилоти ин қазия ва шахсияти муттаҳаму мизоҷонаш ироа нашудаст.

Маврид ба зикр аст, ки чунин ҳолат бори аввал рух намедиҳад. Моҳи октябри соли 2021 як шаҳрванди Украина дар Лаҳистон боздошт шуд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ироқро тавассути марз интиқол медод.

Як моҳ баъд нерӯҳои амниятӣ чанд шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ташкили убури ғайриқонунии марз ширкат доштанд, боздошт карданд.

Феълан кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русия мебошад.

Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, изҳор дошта буд, ахиран сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Тоҳир Каримзода.

Вай тавзеҳ дод :

“Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад”.

Аз шумораи умумии муҳоҷирон 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошта буд Каримзода.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Пулиси Олмон дар марз бо Лаҳистон 9 паноҳандаи ғайриқонунӣ, аз ҷумла 3 шаҳрванди Тоҷикистонро, боздошт кардаанд.

Ҷавонони боздоштшуда, аз 22 то 37 сол дошта, бе ягон санади расмӣ ба ин кишвар ворид шудаанд.

Дар ин бора расонаҳои русӣ бо такя ба иттилои мақомоти интизомии Олмон хабар додаанд.

Пулис Олмон ҳамчунин дар марз бо Лаҳистон паноҳандаҳои ғайриқонунии эрониро боздошт кардааст, ки бо визаи Русия ба ин кишвар омадаанд. Муҳоҷирон бо худ ба ҷуз шиноснома дигар ягон иҷозатнома барои будубоши расмӣ дар Олмонро надоштаанд.

Дар ин кишвар шумори зиёди муҳоҷирону паноҳандаҳои тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Аз моҳи январ то июли соли 2021 беш аз 190 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти паноҳандагӣ ба мақомоти Олмон муроҷиат карда, аз ин миён 45 дархост қабул ва 127 дархост рад шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад