Шумориши орои ҳамапурсии Луганск то поёни имрӯз анҷом мешавад

Раиси камиссияи марказии интихоботи ҷумҳурии Луганск эълом кард, имрӯз охирин рӯзи раъй гирӣ дар бораи илҳоқи ин ҷумҳурӣ ба Русия аст.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, мақомоти ҷумҳурии Луганск аз эҳтимоли ҷамъ бандии натоиҷи ҳамапурсии илҳоқи ин ҷумҳурӣ ба Русия то поёни вақти имрӯз се шанбе мегӯянд.

“Лена Кравченко”, раиси камиссияи марказии интихоботи ҷумҳурии Луганск эълом кард: натоиҷи ҳама пурсӣ дар хусуси илҳоқи ҷумҳурии халқи Луганск (LPR) ба Русия то поёни имрӯз се шанбе ҷамъ бандӣ мешавад.

Раиси камиссия марказии интихоботи Луганск таъкид кард: тасаввур мекунам мо барои шумориши оро [то поёни имрӯз замон хоҳем дошт, ба ҳамин далел ҳам имрӯз соати кории шӯъаби ройгириро камтар кардем то замон барои ҷамъбандии оро дошта бошем.

Ба гуфта ин мақоми ҷумҳури Луганск , ба маҳзи поёни кори раъй гирии интихобот, коамиссияи марказии интихобот ҷамъ бандии натоиҷро оғоз хоҳанд кард.

Лена Кравченко, раиси камиссияи марказии интихоботи ҷумҳурии Луганск ёдовар шуд дар ҳоли ҳозир раъй гирӣ дар шӯъаби ахзи раъй ҳамчунон идома дорад ва соати 16 имрӯз (ба вақти маҳаллӣ) ба поён мерасад. Лена Кравченко таъкид кард ҳаркасе, ки қасд раъй додан дорад ва ҳанӯз раъй надода аст, бояд то он замон иқдом кунад.

Баргузории ҳамапурсии пайвастан ба Русия дар манотиқи шарқи Украина аз ҷумла ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск ва ҳамчунин манотиқи Запорожё ва Херсон аз ҷумъаи гузашта оғоз шуда ва то 27 сентябр  идома хоҳад дошт. Шуморе аз сарони кишварҳои ғарбӣ аз ҳамин ҳоло мухолифати худро бо ҳама пурсии ҷорӣ дар манотиқи мазкур эълом карда ва Олаф Шултс, садри аъзами Олмон ҳамчун Столтенберг дабири кулли НАТО, ин ҳамапурсиро «сохтагӣ ва ғайриқобили пазириш» хондааст.

Ёдовар мешад, ки Русия ба дархости ҷумҳуриҳои Донбасс барои дифоъ дар муқобили ҳамалоти Украина, дар таърихи 24 феврал ба Украина ҳамла кард ва ҳадаф аз ин амалиёти низомиро нозизӯдоӣ ва халъи силоҳи Киев эълом кард ва гуфт, ки қасд дорад зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор диҳад ва ба ҳеҷ унвон зерсохтҳои ғайринизомиро ҳадаф қарор нахоҳад дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад