Путин ба шаҳрвандони Донетск, Луганск ва Украина иқомат дод

Раиси ҷумҳури Русия дирӯз шанбе бо судури дастуре ба шаҳрвандони Донетск, Луганск ва Украина иқомат дод.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия дирӯз шанбе бо судури дастуре ба шаҳрвандони Донетск, Луганск (DPR, LPR) ва низ Украина иҷоза дод барои муддати муваққат; Аммо бидуни ҳар гуна маҳдудияте перомуни давраҳои замонӣ дар кишвараш иқомат кунанд.

Бар асоси эъломи ин хабаргузорӣ, мутобиқ бо дастури содира аз сӯи раиси ҷумҳури Русия, сабти асари ангушт, аксбардорӣ ва ҳамчунин муойинаи пизишкии адами эътиёд зарурӣ аст.

Дастури дирӯзи “Владимир Путин”, изофа мекунад, ки шаҳрвандони Донетск, Луганск ва Украина ҳаққи кор дар Русия бидуни муҷаввизи корӣ ё ҳаққи сабти ихтироъ дар сурати риояти шароити лозимро доранд.

Дар бахше аз дастури Владимир Путин дар ин хусус омада аст: шаҳрвандони Украина, Донетск ва Луганск ҳақ доранд ба таври муваққат дар Федератсияи Русия бидуни шароити маҳдуд кунандаи таъйин шуда «дар қонуни федерали мусавваб 25 июл соли 2002 дар хусуси вазъияти ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» иқомат кунанд. Сабти асари ангушт иҷборӣ, аксбардорӣ ва ҳамчунин муойинаи пизишкии адами эътиёд зарурӣ аст.

Бар асоси ин дастур, пардохти ҳуқуқ ба бознишастагон, афроди маълул ва занони бордор, ки маҷбӯр ба тарки Донетск ва Луганск ва Украина шуда ва вориди Русия шудаанд низ ба анҷом хоҳад расид.

Лозим ба зикр аст, ки дар 24 феврал, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як суханронии телевизионӣ эълом кард, ки ба манзури «ғайри низомикрдан ва нозизудоӣ Украина» ва дар посух ба дархости кумаки сарони Донбасс (дар шарқи Украина) фармони оғози «амалиёти вежаи низомӣ» дар хоки Украинаро содир мекунад.

Манотиқи шарқии Украина рус табор ҳастанд ва солҳо ҳадафи ҳамалоти мудовими артиши Украина будаанд. Дар авоили моҳи март, ин манотиқ худмухтории худро эълом карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад