Ҷанги бо Украина барои ҷилавгирӣ аз ҷанги ҷаҳонии севум буд

Муовини шӯрои амнияти Русия таъкид кард, ки ҷанги бо Украина барои ҷилавгирӣ аз ҷанги ҷаҳонии севум зарурӣ буд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Медведев”, муовини шӯрои амнияти Русия рӯзи ҷумъа гуфт, ки адами пайвастани Украина ба НАТО як шарти зарурӣ, аммо нокофӣ буда ва Русия ниёзманди тазминҳои дигар аст.

Вай дар идомаи суханонаш ҳушдор дод дар сурати иқдомоти бештари Аврупо алайҳи Русия, ин қора ба миқдори гази мавриди ниёзи худ даст нахоҳад ёфт.

Дмитрий Медведев изофа кард: «гуфтугӯҳои сатҳи олӣ миёни Русия ва Украина бар асоси таҳаввулоти авзоъ ва танҳо бар асоси шароити хос имкон пазир аст».

Вай афзуд: амалиёти низомии Русия дар Украина барои ҷилавгирӣ аз ҷанги ҷаҳонии севум зарурӣ буд».

Русия аз 24 феврали 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, ба ин ин кишвар неру эъзом кард ва аз оғози амалиёти низомӣ хабар дод.

Русия ҳадафи худро аз ин иқдом, нозӣ зудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луганск ва Донетск эълом карда ва гуфта аст, ки қасди тасарруффи арозии Украинаро надорад.

Ба думболи оғози даргирии Русия бо Украина, кишварҳои ғарбӣ зимни маҳкум кардани Маскав ва ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ аз Киевро дар дастури кор қарор додаанд. Ба рағми ҳимоятҳои ғарбиҳо, дар саҳнаи майдонӣ Русия тавониста Луганск дар минтақаи шарқи Донбасси Украинаро ба кантроли худ дароварда ва дар талош барои тасаллут бар ҳамаи манотиқи Донетск аст.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия низ ахиран изҳор дошт :«бозгашти Крим ба Русия, истиқлоли ҷумҳуриҳои халқи Донетск ва Луганск, воқеиятҳои сарзамине аст, ки Украина ва дигар кишварҳо бояд онро бипазиранд.»

Вай афзуд: «бояд ба интихоби қонунӣ ва оқилонаи мардум ва ҳаққи миллатҳо барои таъйини сарнавишти худ бар асоси маншури Созмони Милали Муттаҳид эҳтиром гузошта шавад ва бар ин асос, Крим ба Русия бозгашта ва ду ҷумҳурии халқи Донетск ва Луганск низ, ба давлатҳои мустақил табдил шудаанд.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад