Агар Украина тавофуқи “Минск”-ро иҷро мекард, ниёзе ба амалиёт набуд

Намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт: замоне, ки режими Киев мухолифонро дар Одесса зинда зинда сӯзонд ва бомбаҳоро бар рӯи ҷамъияти ғайринизомии Донбасс  рехт, ҷавҳари ҷинояткоронаи худро нишон дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Василий Небензия”, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид бомдоди панҷшанбе гуфт, агар Украина ба тавофуқоти Минск амал мекард, ниёзе ба иҷрои амалиёти низомии вежа дар минтақаи Донбасс набуд.

Василий Небензия, тайи нишасти хабарӣ дар Созмони Милал гуфт, ки моил аст пас аз дастёбӣ ба аҳдофи амалиёти низомии вежаи Русия дар минтақаи Донбасс, роҳкоре барои даргирӣ дар Украина аз тариқи музокира ҳосил шавад.

Ба навиштаи вебгоҳи “РИА Новости”, вай дар инбора тавзеҳ дод: «ман моилм бубинам, ки тамоми аҳдоф ва мақосиди амалиёти низомии таъйин шуда тавассути давлати Русия муҳаққақ шавад ва мо дар ҷараёни музокирот ба роҳиҳалле даст пайдо кунем, ки ба даргирӣ поён диҳад. Аммо ба шарте, ки аҳдофе, ки таъйин шуда ба даст омада бошанд».

Ин дипломати рус бо баёни инки аҳдофи амалиёти вежаи Русия дар минтақаи Донбасс бо муваффақият ҳосил мешавад, изҳор дошт агар режими Киев ба тавофуқоти Минск амал мекард, ниёзе ба ин амалиёт набуд.

Василий Небензия, дар инбора гуфт: «ҷанге, ки ба муддати ҳашт сол ҷони ғайринизомиёни [минтақаи Донбасс]-ро гирифт, дар сурати амалкрдани Киев ба тавофуқоти Минск метавонист ба поён бирасад. Аммо на мақомоти украинӣ ва на ҳомиёни хориҷии онҳо чунин чизе намехостанд».

Тибқи ин гузориш, вай дар бораи далели Русия барои оғози амалиёт дар Донбасс тавзеҳ дод: «онҳо дар ибтидои соли ҷори бори дигар ба сароҳат дар ин бора сӯҳбат карда ва таҳдид карданд, ки вазъияти орӣ аз силоҳи атомиро канор мегузоранд. Мо чорае ҷуз оғози амалиёти вежа барои ғайринизомӣ кардан ва халъи силоҳи Украина надоштем, ки аҳдофи он бо муваффақият ва пайваста иҷро мешавад».

РИА Новости, ба нақл аз намояндаи Русия дар Созмони Милал навишт: «Украиниҳо имрӯз рӯзҳои сахтеро сипарӣ мекунанд. Бо ин ҳол, масъулияти ин масъала бар ӯҳдаи режими Киев аст, ки дар соли 2014 дар пайи кудитои зиддиқонуни асосӣ бо кумаки теъдоде аз кишварҳои ғарбӣ ба қудрат расид».

Василий Небензия, бо баён инки режими Киев ҷавҳари ҷинояткоронаи худро ба таври комил нишон дод, афзуд: «замоне, ки онҳо мухолифонро дар хонаи иттиҳодияҳои коргарӣ дар Одесса зинда зинда сӯзонданд ва бомбаҳо ва гулӯлаҳоро бар рӯи ҷамъияти ғайринизомии Донбасс рехтанд».

Пеш аз ин, Кристоф Шлитс, таҳлилгари олмонӣ тайи ёддоште дар рӯзномаи “Д.Волт” навишт, ки сарони кишварҳои Олмон, Франса ва Амрико бо тасмимгириҳои худ, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украинаро кантрол мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад