Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Озарбойҷон ба тавсеаи ҳамкориҳо

 Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Боку бо муовини вазири умури хориҷаи Озарбойҷон тавсеаи ҳамкорӣ ва созукорҳои ҷадиди таомул байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Боку бо муовини вазири умури хориҷаи Озарбойҷон тавсеаи ҳамкорӣ ва созукорҳои ҷадиди таомул байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Рустам Солӣ, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Халаф Алӣ Уғлу Халафов, муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор вазъияти кунунӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Ба таври хос, ду ҷониб мавзӯъоти марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва теранзитӣ, энергӣ, санъатӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзиширо баррасӣ карданд.

Ду тараф ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба дар ҷиҳати иҷрои проектҳои муштарак дар ҳамаи заминаҳо, созмондеҳии боздидҳои мутақобил, табодули назар карданд.

Тавсеаи созукорҳои ҷадиди таомул аз дигар мавзӯъоте буд, ки дар ҷараёни ин дидор мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад