Имзои 10 санади ҳамкорӣ байни Қазоқистону Озарбойҷон

 Дар поёни музокироти президентҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон 10 санади мухталифи ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Дар поёни музокироти президентҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон 10 санади мухталифи ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Қосим Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар чорчӯби сафари расмии худ ба Озарбойҷон бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ҷараёни ин музокирот, ки ба шакли дуҷониба ва васеъ баргузор шуд, сарони ду кишвар масоили муҳими мушорикати роҳбурдӣ байни ду кишварро баррасӣ ва мавзӯъоти тақвияти равобити сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл ва теранзитӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаро мавриди таваҷҷӯҳи вижа қарор доданд.

Дар натиҷаи ин музокирот сарони ду кишвар эъломияе дар заминаи тақвияти равобити роҳбурдӣ ва таъмиқи таомулоти ҳампаймонӣ байни Қазоқистон ва Озарбойҷон ва ҳамчунин барномаи ҷомеъ барои тавсеаи ҳамкорӣ байни ду кишвар барои солҳои 2022-2026-ро ба имзо расонданд.

Дар чорчӯби ин сафар ҳамчунин мувофиқатномаи ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ, барномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дипломатики ду кишвар барои солҳои 2023-2024, барномаи ҳамкории фарҳангӣ байни вазоратхонаҳои фарҳанг барои солҳои 2022-2023, протоколи барқарории равобити хоҳархондагӣ байни шаҳрҳои Туркистони Қазоқистон ва Шуши Озарбойҷон, ёддошти тафоҳум байни Вазорати иттилоот ва тавсеаи иҷтимоии Қазоқистон ва ожонси тавсеаи расонаҳои Озербойҷон, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи фановарии иттилоот ва иртиботот байни Вазорати тавсеаи диҷитол, навоварӣ ва санъати ҳаво фазои Қазоқистон ва Вазорати тавсеаи диҷитол ва ҳамлу нақли Озарбойҷон, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл байни Вазорати санъат ва тавсеаи зерсохти Қазоқистон ва Вазорати тавсеаи диҷитол ва ҳамлу нақли Озербойҷон, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақли маҳмулаи теранзитӣ байни Вазорати санъат ва тавсеаи зерсохти Қазоқистон ва Вазорати тавсеаи диҷитол ва ҳамлу нақли Озарбойҷон ба имзо расиданд.

Раисҷумҳури Қазоқистон имрӯз бо даъвати ҳамтои Озарбойҷони худ бо як сафари расмӣ вориди Боку шуд.

Шоёни зикр аст, ки ин аввалин сафари Тоқаев ба Озарбойҷон ба унвони раисҷумҳури Қазоқистон аст.

Тоқаев дар чорчӯби ин сафар болотарин нишони давлатии Қазоқистонро ба раисҷумҳури Озарбойҷон ба хотири саҳми бузургаш дар тақвияти дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар, эъто кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад