Кумаки молии Русия ба донишомӯзони манотиқи таҳти кантрол дар Украина

Давлати Русия қасд дорад ба донишомӯзони манотиқи таҳти тасарруф дар ҷараёни набард бо Украина кумаки молӣ ироа кунад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, давлати Русия дастур дода то ба волидайни донишомӯзон дар бахшҳои таҳти кантрол дар Украина кумаки молӣ пардохт шавад.

Рӯзномаи “Маскав Таймз”, рӯзи чаҳоршанбе навишт Керемл волидайни кӯдакони байни 6 то 18 сол дар манотиқи таҳти кантроли Русия дар манотиқи “Донетск”, “Луганск”, “Запорожё”, “Харкиев” ва “Херсон” тибқи дастур дар суратике фарзандонашон дар муассисоти омӯзишии умумӣ таҳсилро оғоз кунанд, 10000 рӯбл (167 доллар) дарёфт хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки гузоришҳо мабни бар талоши Керемл барои муаррифии барномаи дарсии Русия ба мактабҳо дар сарзаминҳои таҳти кантрол мунташир шудааст . Соли таҳсилӣ дар Русия қарор аст аз аввали сентябр оғоз шавад.

Русия аз 24 феврал 2022 баъд аз ба расмият шинохтан истиқлол ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, ба ин ин кишвар неру эъзом кард ва аз оғози амалиёти низоми хабар дод.

Русия ҳадафи худро аз ин иқдом, нозӣ зудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луганск  ва Донетск эълом карда ва гуфтааст, ки қасди тасарруфи арозии Украинаро надорад.

Ба думболи оғози даргирии Русия бо Украина, кишварҳои ғарбӣ зимни маҳкум кардани Маскав ва ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ аз Киевро дар дастури кор қарор додаанд. Ба рағми ҳимоятҳои ғарбиҳо, дар саҳнаи майдонӣ Русия тавониста Луганск дар минтақаи шарқи Донбасси Украинаро ба контроли худ дароварда ва дар талош барои тасаллут бар ҳамаи манотиқи Донетск аст.

Раиси ҷумҳури Русия чанди қабл истиқлоли ду ҷумҳурии Донетск  ва Луганскро барасмият шинохт ва се рӯз пас аз он, дастури амалиёти вежаи низомӣ барои ҳимоят аз сокинони минтақаи Донбассро содир кард. Путин  бо судури фармоне эътои сареъи шаҳрвандии Русияро шомили ҳоли тамоми атбоъи манотиқи Украинии таҳти тасаллути Русия кард.


Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия низ ахиран изҳор дошт :«бозгашти Крим ба Русия, истиқлоли ҷумҳуриҳои халқи Донетск  ва Луганск, воқеиятҳои сарзамине аст, ки Украина ва дигар кишварҳо бояд онро бипазиранд.»

Вай афзуд: «бояд ба интихоби қонунӣ ва оқилонаи мардум ва ҳаққи миллатҳо барои таъйини сарнавишти худ бар асоси маншури Созмони Милали Муттаҳид эҳтиром гузошта шавад ва бар ин асос, Крим ба Русия бозгашта ва ду ҷумҳурии халқи Донетск  ва Луганск низ, ба давлатҳои мустақил табдил шудаанд.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад