Тифлис мизбони аввалин нишасти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Гурҷистон

 Аввалин нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Гурҷистон дар шаҳр Тифлис баргузор мешавад.

Аввалин нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Гурҷистон дар шаҳр Тифлис баргузор мешавад.

Рустам Солӣ, сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон бо Ливон Довитошвели, муовини нахуствазир ва вазири иқтисод ва тавсеаи пойдори ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор дар бораи мавзӯъҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ, обу энергӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл, фарҳангӣ ва гардишгарӣ табодули назар анҷом гирифт.

Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ду тараф ҳамчунин дар мавриди тақвияти чорчӯб қонунӣ ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба миёни ин кишвар ва Гурҷистон табодули назар карданд.

Мавзӯъи баргузории аввалин ҷаласаи Комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Гурҷистон, ки қарор аст имсол дар Тифлис баргузор шавад, мавриди таваҷҷӯҳ асосии ду тараф қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки аввалин иҷлоси Комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Гурҷистон саҳифаи ҷадидеро дар равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар боз хоҳад кард.

Дар ҷараёни ин дидор ҳамчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи иртиботи ҳавоӣ, ба вижа роҳандозии парвози мустақим байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад