Урдун ва Тунис таваққуфи ҳамалоти Исроил ба Ғаззаро хостор шуданд

Вазорати умури хориҷаи Урдун ва Тунис таваққуфи фаврии ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ ба Навори Ғаззаро хостор шуданд.

 

Вазорати умури хориҷаи Урдун ва Тунис таваққуфи фаврии ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ ба Навори Ғаззаро хостор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин Ал-Явм”, вазорати умури хориҷаи Урдун бар зарурати таваққуфи фаврии таҷовузи режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза таъкиди кард ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хост барои ҷилавгирӣ аз ташдиди танишҳо ва ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин иқдоми фаврӣ ва таъсиргузор анҷом диҳад.

“Ҳайсам Абул-Фул”, сухангӯи расмии вазорати хориҷаи Урдун нисбат ба паёмадҳои хатарноки иқдомоти танишзои режими хунхори Исроил ва эҷоди рӯъб ва ваҳшат байни ғайринизомиён, ки танҳо ба афзоиши таниш ва хушунатҳо мунҷар хоҳад шуд, ҳушдор дод.

Вай афзуд: ҳалаи мушакии навори Ғазза ва ҷилавгирӣ аз вахомати хушунатҳо бо эҷоди дӯрнмои сиёсии ҳақиқӣ аз тариқи бозгашт ба мизи музокирот барои таҳаққуқи сулҳи одилона бар асоси роҳкори ду давлат ва рафъи муҳосираи золимонаи навори Ғазза ва таъмини сареъи ниёзҳои инсонии он ва эҳтиром ба қавонини байналмилалӣ мумкин аст.

Аз сӯи дигар, вазорати умури хориҷаи Тунис ҳам аз ҷомеаи байналмилал хост ба масъулиятҳои қонунӣ ва ахлоқии худ дар қиболи миллати Фаластин амал намояд.

Вазорати хориҷаи Тунис бар зарурати ҳимояти байналмилалии лозим аз миллати Фаластин ва муқобила бо ҷиноёти режими ишғолгар таъкид кард.

Вазорати хориҷаи Тунис ҳамчунин бар поибандии собит ба тадовуми ҳимоят аз ҳаққи миллати Фаластин то замони поёни ишғолгарӣ таъкид намуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад