Дар маҳалли террори Аззавоҳирӣ ҳеҷ ҷасаде  пайдо накардаем

Сухангӯи Толибон эълон кард, дар маҳалли террори Айман Аззавоҳирӣ, саркардаи Ал-қоида, ки Вашингтон ба тозагӣ эълон кард, ки дар манзили истиқоматиаш дар Кобул ҳадаф қарор гиритааст, ҳеҷ ҷасаде пайдо нашуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон имрӯз дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ дар бораи кушта шудани Айман Аззавоҳирӣ гуфт, тафтишот дар ин робита идома дорад.

Муҳоҷид дар идома изҳор кард, мо ҳануз ҳеҷ ҷасаде пайдо кардаем ва маводи инфиҷоре, ки дар ин террор истифода шудааст ҳама чизро ба таври комил нобуд кардааст.

Толибон панҷшанбе дар баёнияе эълон кард, ки иттилое аз ҳузури Аззавоҳирӣ дар хоки Афғонистон надошта ва амалёти низомии Вашингтон дар Афғонистон мусовӣ бо нақзи созишномаи Доҳа мебошад.

Ҷо Байден, президенти Амрико рӯзи душанбе аз кушта шудани Аззавоҳирӣ дар ҳамлаи ҳавоии рӯзи шанбеи ин кишвар дар Афғонистон хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад