Гузоришҳо дар бораи кушта шудани роҳбари Ал-қоида

Як мақоми аршади давлати Амрико бо таъйиди анҷоми ҳамлаи паҳподӣ ба ҳадафе дар Кобул гуфт, дар ин ҳамла як узви аршади Ал-қоида, ки тибқи ахбори таъйид нашуда роҳбари ин созмони террористӣ аст, кушта шудааст.

Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи ҳамлаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Кобул, пойтахти Афғонистон ин ҳамла аз суи Толибон маҳкум шуд ва Вашингтон ҳам анҷоми ин ҳамларо таъйид кард.

Бархе аз расонаҳо таҳлил кардаанд, ки танҳо ҳадафи муҳимми Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон роҳбари созмони террорисии Ал-қоида, Айман Аззавоҳирӣ мебошад.

Президенти Амрико бо таъйиди кушта шудани роҳабри Ал-қоида дар ҳамлаи паҳподӣ ба Кобул гуфт, ӯ боиси кушта шудани бисёре аз амрикоиҳо дар ҳамалоти мухталиф шудааст.

Дар аввалин вокуниш ба хабари президенти Амрико дар бораи кушта шудани Аззавоҳирӣ, Вазорати хориҷии Арабистони Саудӣ дар Баёнияе аз ин мавзӯъ истиқбол кард.

Манобеи амрикоӣ мегӯянд, роҳбари Ал-қоида дар хонаи яке аз дастёрони аршади вазири умури хориҷаи Толибон ҳадаф қарор гирифтааст.

Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба синни Айман Аззавоҳирӣ, ки ҳадди ақал 70 солааст ва вазъияти саломатии вай, ки ҳам саратон дорад ва ҳам нопойдор аст агар фавт шавад, комилан табиӣ мебошад ва Амрико бо сохтани ҳодисаи ҳадаф қарордодани роҳбари Ал-қоида мехоҳад имтиёзи нобудии Аззавоҳириро ба худ ихтисос диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад