Эҷоди 500 корхонаи саноатии нав то соли 2026  дар Хатлон

Мақомоти Хатлон эълон кардааст, ки то соли 2026 дар вилоят 500 корхонаи нави саноатӣ бунёд шуда ҳазорҳо сокинони ин минтақа ба кор таъмин мегарданд.

Мақомоти Хатлон эълон кардааст, ки то соли 2026 дар вилоят 500 корхонаи нави саноатӣ бунёд шуда ҳазорҳо сокинони ин минтақа ба кор таъмин мегарданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кившар бунёди 500 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ баъд аз пурра ба истифода додани ин коргоҳу корхонаҳо 13 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ахиран раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд, ки дар соли 2022 бунёди 132 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Ба иттилои вай аз ин теъдод дар давоми шаш моҳи соли равон 57 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 1050 ҷойи кор ба истифода дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар 2479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷкистон иттилоъ додааст, ки дар давоми 6 моҳи соли равон шумори корхонаҳои ғайри фаъол 673 коргоҳро ташкил дод.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ин шумор 583 корхона мавсимӣ буда, 77-тои дигар коргоҳҳое мебошад, ки аз фаъолият бозмондаанд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда то якуми январи соли равон 90-торо ташкил медод.

Масъулини Вазорати саноат сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳо шарҳ доданд.

Вазорати саноат қайд кардааст :

“Сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳо пеш аз ҳама дар марҳилаи барҳамхурӣ қарор доштан, муфлисшавӣ ва мушкилоти молиявӣ, мавҷудияти қарз аз ҳисоби андоз ва баҳси амволӣ бо бонкҳо мебошанд”.

Ҳамчунин вазорат сабаби фаъолият накардани корхонаҳоро ба фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳури рафтани роҳбарони корхона, бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи замин ва дигар самт фаъолият доштани онҳо рабт додааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Қурбон Ҳакимзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо сабабаҳои гуногун 49 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аз фаъолият бозмонданд.

Вай таъкид кардааст, ки дар натиҷаи аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ беш аз 947 нафар ҷойи кори худро аз даст доданд.

“Сабабҳои аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатиро ба фурӯш нарафтани маҳсулоти худи корхона, муфлисшавӣ, набудани маблағ ва дигар омилҳо арзёбӣ кард”,-таъкид кард оқои Ҳакимзода.

Сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон қайд кард, ки дар шаҳри Кӯлоб се корхона, аз ҷумла ҶДММ “Амон Ш-1” бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулот ва надоштани маблағи гардон, КВД “Зари Кӯлоб” бо сабаби муфлисшавӣ, ва ба ин монанд, қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатие ҳастанд, ки аз фаъолият бозмонданд.

Ҳамзамон мақомдори тоҷик зикр кард, ки дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 43 коргоҳу корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шуданд.

Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 674 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад