Қарзи 400 миллион сомонии Содиротбонк

Содиротбонки Тоҷикистон 400 миллион сомонӣ ба муштариён қарздор аст.

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон эълом кард бонки лағви муҷаввизшудаи  Содиротбонк бо инки 44 миллион сомонӣ аз қарзи худро ба муштариён пардохт карда, вале ҳануз 400 миллион сомонӣ қарздор аст.

Ба гузориши сомонаи Топтҷ ,Рустам Мирзозода гуфт,ки қарзи бақияи муштариён қарор аст аз ҳисоби фурӯши амволи бонк пардохт шавад.

Пеш аз ин ҳам дар феҳристи амволи Содиротбонк, бинои марказӣ ва 43  намояндагӣ, фурушгоҳи бузурги мавсум ба Ашан дар шаҳри Душанбе, 8 манзили маскунии 9 ошёна дар ноҳияи Данғара, корхонаи нассоҷӣ дар ноҳияи Фархор, чанд корхонаи коркарди пахта дар вилояти Хатлон ва таъмиргоҳи худравҳо зикр шуда буд.

Аммо таҷрибаи фурӯши амволи ду бонки варшикастшудаи Тоҷикпромбанк ва Фононбонк низ нишон додааст, ки ба далели нархи болои ин дороиҳо муштариён тамоюли чандоне ба хариди ин амвол надоранд.

Мушкилоти Содиротбонки Тоҷикистон аз соли 2015 оғоз ва дар соли 2019 муҷаввизи фаъолияти он бекор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад