Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон

 Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи 21-уми июл ба мизбонии Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳо баргузор мешавад

Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи 21-уми июл дар Қирғизистон баргузор мешавад.

Нишасти машваратии раҳбарони панҷи кишвари Осиёи Марказӣ дар 21-уми июл дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад. Ин нишаст чаҳорумин иҷлоси сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Севумин нишасти машваратӣ дар августи 2021 дар Туркманистон ва дар савоҳили Дарёи Хазар баргузор шуд.

Дар ҳамин робита сарони кишварҳо ба вазоратхонаҳои хориҷа дастур доданд, то кор тавофуқ бар сари пешнависи нақшаи роҳи тавсеаи ҳамкориҳои минтақаии 2022-2024-ро комил кунанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, то барои имзои аҳдномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ барои тавсеаи минтақа дар нишасти машваратии баъдӣ омода шавад, зеро ҳамонтавр, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид карданд, акнун муҳиммтарин мавзӯи дӯстӣ ва ҳамкорию субот дар минтақа аст.

Қайд карда мешавад, ки аввалин иҷлоси сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марти 2018 дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон ва дувумин нишаст дар ноябри 2019 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад