Иттиҳодияи Аврупо дар неругоҳи барқӣ обии “Роғун” сармоягузорӣ мекунад

Иттиҳодияи Аврупо ба манзури коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз барқи Русия қасд дорад ба бузургтарин сармоягузорӣ дар неругоҳи барқӣ обии "Роғун" табдил шавад.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Руйтерз”, бо истинод ба намояндагони расмии Иттиҳодия Аврупо дар мавриди қасди банки сармоягузории Аврупо барои табдил шудан ба бузургтарин сармоягузори неругоҳи барқӣ обии “Роғун”, хабар дод.

Ин нашрия бо истинод ба як намояндаи расмии Иттиҳодияи Аврупо, ки аз ифшои номи худ худдори кард, далели аслии ин иқдомро коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба энергияи Русия ва посухи Иттиҳодияи Аврупо ба тарҳи «як камарбанд, як ҷодаи» Чин унвон карда аст.

Вай таъкид кард, ки Иттиҳодияи Аврупо алоқаманд ба дастёбӣ ба «истиқлоли энергияи Осиёи Марказӣ аз Русия» аст.

Дар ин гузориш ҳамчунин омада аст: Брюссел ва муттаҳидони ғарбии он дар вокуниш ба ҳамлаи моҳи феврали Русия ба Украина, талош карданд, Маскавро мунзавӣ кунанд.

Намояндаи банки сармоягузории Аврупо дар сӯҳбати бо “Руйтерз” гуфта аст, ки камиссияи Аврупо аз ин банк дархост карда аст то ба «бузургтарин сармоягузор» дар прайекти Роғун табдил шавад. Аммо вай аз зикри ҳаҷми сармоягузории эҳтимолӣ ҷиҳати такмили неругоҳи барқӣ обии Роғун худдори карда аст.

Банки сармоягузории Аврупо як муассисаи молӣ ва эътибории умумии Иттиҳодия Аврупо барои таъмини молӣ тавсеаи манотиқи ақиб мондаи Аврупои дар қолаби вомҳои баланд муддат аст, ки дар соли 1958 мелодӣ бо ҳадафи ироаи вом барои сохт ва соз ва бозсозии таъсисоти мавриди алоқаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо эҷод шуда аст.

Пеш аз ин, дар ибтидои соли ҷорӣ, “Шани Кемпбел”, намояндаи доими банки тавсеаи осиёӣ дар Тоҷикистон ба яке аз расонаҳои ин кишвар гуфта буд, ки «Душанбе» дар поёни соли гузашта нишастеро бо эҳдокунандагони байналамллӣ оғоз карда буд, ки дар он мавзӯъи таъмини молии прйекти Роғун мавриди баҳс ва барраси қарор гирифт.

Намояндаи доими банки мазкур зарурати ҳимояти молӣ аз ин прайектро бо камбуди будҷаи давлатӣ барои такмили сохти он ва ҳамчунин озодсозии будҷаи давлатӣ, ки метавонад барои соири ниёзҳои аввалавиятдор истифода шавад, муртабит донист.

Бо ин ҳол вай хотирнишон кард, ки бар асоси таҳқиқоти анҷом шуда тавассути банки ҷаҳонӣ, ҳанӯз саволоти зиёде дар робита бо неругоҳи Роғун вуҷуд дорад, аз ҷумла мавзӯъоти марбут ба тадорукот, тазмини иқдомоти ҳифозатӣ ва ёфтани бозор барои барқ, ки эҳдокунандагон қабл аз сармоягузори дар ин прайект бояд ба онҳо посух диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир прайекти Роғун мунҳасиран аз будҷаи давлати таъмин мешавад, ки барои такмили раванди сохт ва соз барнома резӣ шуда кофӣ нест.

Интизор меравад сохт ва соз неругоҳи барқӣ обии Роғун то соли 2033 мелодӣ ба таври комил такмил шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад