Касе намедонад Путин то чӣ замоне ба ҷанги Украина идома медиҳад

Садри аъзами Олмон асри рӯзи якшанбе дар мусоҳибае гуфт ҳеҷ касе намедонад, ки раиси ҷумҳури Русия то чӣ замоне ба ҷанг дар Украина идома хоҳад дод.

 

Садри аъзами Олмон асри рӯзи якшанбе дар мусоҳибае гуфт ҳеҷ касе намедонад, ки раиси ҷумҳури Русия то чӣ замоне ба ҷанг дар Украина идома хоҳад дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Олаф Шултс”, садри аъзами Олмон асри рӯзи якшанбе гуфт, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия тавонои идомаи ҷанг дар Украина барои муддати тӯлониро дорад.

Вай, ки бо шабакаи хабарии “CBS”, мусоҳиба мекард, гуфт: «ҳеҷ касе намедонад Путин то чӣ замоне ба ҷанги худ дар Украина идома хоҳад дод».

Садри аъзами Олмон дар идома изофа кард: «Путин таъсироти амиқи таҳримҳоямон бар иқтисоди Русияро ба хубӣ дарк мекунад».

Ин дар ҳоле аст, ки артиши Русия камокон ба пешравии худ дар шарқи Украина идома медиҳад.

Охирин гузоришҳо аз манотиқи ҷангии Русия ва Украина ҳокист, ки неруҳои рус ба “Лисичанск” охирин шаҳри муҳимми Луганск, ки таҳти кантроли неруҳои Украина қарор дошт, ворид шудаанд.

Бинобар эъломи вазорати дифои Русия, озодсозии Луганск (аз ҷумҳуриҳои худхондаи шарқи Украина, ки пештар аз сӯи Маскав ба расмият шинохта шуда) бо суқути шаҳри Лисичанск ва ҳамчунин чанд шаҳри муҷовир такмил шуд, ки акнун таҳти кантроли Русия ва неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Луганск ҳастанд.

Ин вазоратхона афзуд неруҳои Донетск ва Луганск 182 километр аз заминҳои Луганскро аз кантроли неруҳои Киев озод карданд.

Русия озодсозии ду ҷумҳурии худхондаи Луганск ва Донетск дар минтақаи Донбасс дар шарқи Украинаро аз аҳдофи калидии амалиёти низомии вижаи худ дар ин кишвар эълом карда аст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия иқдоми низомӣ дар Украинаро 24 феврал эълом ва ҳамчунин аҳдофи дигари онро ғайринизомӣ кардан ва нозизудоӣ Украина баён кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад