Амрико ва ғарб алоқаманд ба идомаи ҷанг дар Украина ҳастанд

Сухангӯи Кохи Керемли Русия рӯзи якшанбе дар мусоҳибае гуфт, ки Амрико ва муттаҳидонаш ҳамчунон алоқаманд ба идомаи ҷанг дар Украина ҳастанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Песков”, сухангӯи риёсати ҷумҳурии Русия рӯзи якшанбе гуфт, ки Амрико ва муттаҳидонаш ҳамчунон алоқаманд ба идомаи ҷанг дар Украина ҳастанд.

Вай, ки дар як барномаи телевизиони сӯҳбат мекард, гуфт: «кишварҳои ғарбӣ ба таври муассир монеъ аз он мешаванд, ки давлат дар Киев ҳатто дар бораи ҳаргуна гуфтугӯҳои сулҳ фикр кунад».

Дмитрий Песков, дар идомаи суханонаш дар посух ба саволе дар ин бора, ки “Олаф Шултс”, садри аъзами Олмон ва “Эммануэл Макрон”, раиси ҷумҳури Фаронса тамоси телефони бо “Владимир Путин” раиси ҷумҳури Русияро қатъ кардаанд, гуфт: «ин низ нишонаи дигаре аст, ки сарони кишварҳои ғарбӣ алоқае ба дастёби ба сулҳ аз тариқи гуфтугӯ ва музокирот надоранд».

Сухангӯи Керемл изофа кард: «дар ҳоли ҳозир, кишварҳои ғарбӣ ба таври фаъолона бар рӯйи идомаи ҷанг шарт бандӣ кардаанд».

Ин дар ҳоле аст, ки артиши Русия камокон ба пешравии худ дар шарқи Украина идома медиҳад.

Охирин гузоришҳо аз манотиқи ҷангии Русия ва Украина ҳокист, ки неруҳои рус ба Лисичанск охирин шаҳри муҳимми Луганск, ки таҳти кантроли неруҳои Украина қарор дошт, ворид шудаанд.

Бинобар эъломи вазорати дифои Русия, озодсозии Луганск (аз ҷумҳуриҳои худхондаи шарқи Украина, ки пештар аз сӯи Маскав ба расмият шинохта шуда) бо суқути шаҳри Лисичанск ва ҳамчунин чанд шаҳри муҷовир такмил шуд, ки акнун таҳти кантроли Русия ва неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Луганск ҳастанд.

Ин вазоратхона афзуд неруҳои Донетск ва Луганск 182 километр аз заминҳои Луганскро аз кантроли неруҳои Киев озод карданд.

Русия озодсозии ду ҷумҳурии худхондаи Донетск ва Луганск дар минтақаи Донбасс дар шарқи Украинаро аз аҳдофи калидии амалиёти низомии вижаи худ дар ин кишвар эълом карда аст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия иқдоми низомӣ дар Украинаро 24 феврал эълом ва ҳамчунин аҳдофи дигари онро ғайринизоми кардан ва нозизудоӣ Украина баён кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад