Таъкиди Урдун, Миср ва Аморот бар оромсозии авзои Қудс

Сарони Урдун, Миср ва Аморот дар нишасте дар Қоҳира бар зарурати таваққуфи ҳамаи танишҳо ва бозгашти оромиш ба Қудси Ишғолӣ таъкид карданд.

 

Сарони Урдун, Миср ва Аморот дар нишасте дар Қоҳира бар зарурати таваққуфи ҳамаи танишҳо ва бозгашти оромиш ба Қудси Ишғолӣ таъкид карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Абдуллоҳи Дувум”, шоҳи Урдун, “Абдулфаттоҳ Алсисӣ”, раиси ҷумҳури Миср ва “Муҳаммад ибни Зоид”, валиъаҳди Абудабӣ рӯзи якшанбе (дирӯз) дар Қоҳира нишастеро баргузор карданд.

Девони подшоҳии Урдун дар баёнияе эълом кард, ки руасои се кишвар дар ин дидор таъкид карданд, ки чолишҳо ва буҳронҳои кунунӣ бо тамоми печидагиҳо ва пайомдҳои Фаромарзии он ниёзманди ҳамоҳангии талошҳо, тақвияти иқдоми муштараки арабӣ ва фаолсозии ҳамкории минтақаӣ ба хусус дар буҳронҳои марбут ба амнияти ғизоӣ ва энержӣ аст.

Бино бар гузориши вебгоҳи “Ал-Халиҷ Онлайн”, русои се кишвари мазкур ҳамчунин таъкид карданд, ки ҳаргиз аз ҳеҷ талоше барои бозгардондани оромиш ба Қудс ва таваққуфи танишҳо ба манзури фароҳам кардани заминаи муносиб ҷиҳати ба ҷо овардани шиори динии намозгузорони Фаластинӣ бидуни ҳеҷ маҳдудитяе, дариғ нахоҳанд кард.

Онҳо ҳамчунин эҳтиром ба нақши таърихии Урдун дар ҳимоят аз амокуни муқаддаси исломӣ ва масеҳӣ дар Қудси Ишғолӣ ва зарурати ҳимоят аз пойдории Фаластинёнро мавриди таъкид қарор доданд.

Сарони се кишвар дар ин нишаст ҳамчунин таваққуфи тамомии иқдомоти режеми палиди саҳюнистиро, ки фурсатҳои таҳаққуқи сулҳ ва эҷоди уфуқи сиёсӣ барои бозгашт ба музокироти ҷиддӣ ва муассир ҷиҳати ҳалли қазияи Фаластин бар асоси роҳиҳали ду давлатро тазъиф мекунад, зарурӣ хонданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад