Урдун тахриби хонаҳои Фаластиниён тавассути саҳюнистҳо дар Қудсро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи Урдун, тахриби як хона ва як мағозаи мутаъаллиқ ба Фаластиниён дар шаҳраки Селвони Қудси ишғолӣ тавассути низомиёни саҳюнистро маҳкум кард .

 

 

Вазорати умури хориҷаи Урдун бо интишори баёнияе, тахриби як хона ва як мағозаи мутаъаллиқ ба Фаластиниён дар шаҳраки Селвони Қудси ишғоли тавассути низомиёни саҳюнистро маҳкум карда ва онро муғойир ба қавонини байналмилалӣ донист .

Дар ин баёния ҳамчунин бар зарурати мутаваққиф шудани ихроҷи ғайриқонeнии аҳолии Селвон ва маҳаллаи шайх Ҷарроҳ ва иқдомоти таҳрикомези режими палиди саҳюнистӣ алайҳи Қудс таъкид шудааст . Ҳамчунин ин кишвар бояд ба вазъи қонунӣ ва таърихии ин шаҳри муқаддас эҳтиром гузорад .

Гуфтани аст низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, бо ҳамла ба шаҳраки Селвони Қудси ишғолӣ як хона ва як мағозаи мутаъаллиқ ба Фаластиниёнро ба баҳонаи сохтусози бидуни муҷаввиз тахриб карданд .

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ бо истифода аз гулула ва гази ашковар ба Фаластиниёне ки барои ҷилавгирӣ аз ин иқдоми Исроил таҷаммуъ карда буданд, ҳамла бурда ва 6 нафарро захмӣ карданд .

Ниҳодҳои фаластинӣ ва созмонҳои байналмилалӣ эълом кардаанд, ки Исроил аз соли 1967 ба манзури коҳиши ҷамъияти Фаластиниён дар Қудс ба онҳо иҷозаи сохти хонаро намедиҳад, дар ҳоле ки ба бисёре аз шаҳрак нишинони яҳудӣ муҷаввизҳои лозим дода мешавад .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад