Путин: манофеи миллии Русия қобили музокира нест

Раиси ҷумҳури Русия бо таъкид бар қобили музокира набудани манофеи миллӣ эълом кард, кишвараш ба тавсеаи тавони низомӣ ва мӯшакҳои абарфаросавт идома хоҳад дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе таъкид кард манофеи миллӣ ва амнияти шаҳрвандони Русия қобили музокира нест.

Ба навиштаи рӯзномаи “Маскав Таймз”,  раиси ҷумҳури Русия дар паёмии видеёӣ дар бораи танишҳо бо Украина ва кишварҳои ғарбӣ гуфт, кишвараш омодаи талош дар ростои “роҳи ҳалли дипломатик” барои коҳиш таниш аст.

Путин дар ин бора гуфт: «кишвари мо ҳамвора аз гуфтугӯи сареҳ ва мустақим барои ёфтани роҳи ҳалли дипломатик барои печидатарин масоил истиқбол мекунад».

Вай бо ин ҳол тасреҳ кард: «манофеи Русия ва амнияти шаҳрвандони мо, аз дидгоҳи мо масоилии қобили музокира нестанд».

Раиси ҷумҳури Русия афзуд: «мо ба тавсеаи тавони сомонаҳои таслеҳотӣ аз ҷумла мӯшакҳои абарфаросавт ва таслеҳоти бар пояи усӯли ҷадиди физикӣ идома хоҳад дод ва истифода аз фанновариҳои диҷитал ва муаллифаҳои ҳуши маснӯъиро густариш хоҳад дод».

Путин тавзеҳ дод: «чунин таркибҳое дар воқеъ силоҳҳои оянда ҳастанд, ки ба таври чашмгире тавони билққувваи размии неруҳои мусаллаҳи моро афзоиш хоҳанд дод».

Аз рӯзи панҷшанбе артиши Украина ва давлатҳои худхонда дар манотиқи шарқи ин кишвар баъд аз муттаҳам кардани якдигар ба танишзоӣ, ба гулӯла борони мавозиъи якдигар ва нақзи оташ бас пардохтанд.

Шомгоҳи душанбе буд, ки Путин тайи баёнияе истиқлоли ҷумҳуриҳои худмухтори Донетск ва Луганск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт. Путин сипас ба артиши Русия дастур дод барои барқарории сулҳ, вориди ин навоҳӣ шавад.

Вузарои умури хориҷаи Фаронса  ва Амрико, пас аз эъломи ин тасмим аз сӯи Маскав, дидор ва гуфтугӯ бо ҳамтои русии худро лағв карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад