Ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои Донбас “танҳо роҳи” поёни буҳрони Украина

Раиси Думаи давлати Русия эълом кард, дар шароите ки бо як фоҷеъаи инсонӣ мувоҷеҳ ҳастем, тасмими Путин дар мавриди ба расмият шинохтани Донетск ва Луганск, "танҳо роҳи" поёни буҳрони Украина аст.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Роша Тудей”, раиси Думаи давлати Русия рӯзи сешанбе гуфт тасмими Маскав барои ба расмият шинохтани ҳокимияти ду ҷумҳурии ҷудошудаи Донбас танҳо роҳи мумкин барои поён додан ба даргирии хунин дар минтақа аст.

Вичслав Валодин, дар канали телеграмии худ эълом кард, ки ба расмият шинохтани истиқлоли ҷумҳуриҳои халқи Донетск ва Луганск, танҳо роҳи хурӯҷ аз масаълае аст, ки ба суръат табдил ба як буҳрони инсонӣ барои Русия шуда аст.

Раиси маҷлиси намояндагони Русия навишт: ба расмият шинохтани истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск ва тасвиби муъоҳидоти дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобил, бояд куштор, марги шаҳрвандон ва ҳамватанони мо дар онҷоро мутаваққиф кунад.

Ба гуфта Вичслав Валодин, ҷумҳуриҳои Донбас маҳалли қатлиоми русҳо буд, ки қаблан тавассути Путин ба унвони «насл кушӣ» тавсиф шуд.

Вичслав Валодин, баён дошт: дар шароите ки бо як фоҷеъаи инсонӣ мувоҷеҳ ҳастем, бо дидани даҳҳо ҳазор паноҳанда танҳо роҳи наҷот, иттихози ин тасмим буд.

Пас аз тасмими Путин дар мавриди шарқи Украина вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки Русия дар 22 феврал равобити дипломатики худро бо ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск оғоз карда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад