Варзишгари тоҷик қаҳрамони Осиё шуд

Давлат Болтаев,варзишгари тоҷик дар муҳорибаҳои финалии Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола  бар варзишгари Қирғизистон пирӯз омад ва қаҳрамони Осиё шуд.

Давлат Болтаев, варзишгари тоҷик дар муҳорибаҳои финалии Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар финал рӯзи 29 январ бар варзишгари Қирғизистон Рустам Урурсбек уулу пирӯз омад ва қаҳрамони Осиё шуд.

Аввалин Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар Тошканди Узбекистон 22-29 январ доир гардид.

Дар финал 7 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон муҳориба карданд ва танҳо Давлат Болтаев дар вазни -92кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Ба ғайр аз ин варзишгари тоҷик, дигар варзишгаронамон — Сумайя Қосимова (48кг), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Некрӯз Салимов (80кг), Шаҳбоз Ҳаитов (86кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра шуданд.

Қаблан Малика Нозимова (63кг), Ҳусния Холова (52кг), Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ҳамин тариқ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 11 нафар ба гирифтани медалҳо- 1 тилло, 6 нуқра, 4  биринҷӣ мушарраф шуданд.

Дар Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доштанд.

Варзиши Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонон будааст ва касоне ҳам, ки ба медалҳои ҷаҳонӣ даст пайдо мекунанд, мавриди ҳимояту дастгирии ҷиддии мақомот қарор намегиранд, то ангезаи барои дигар ҷавонон ҳосил шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад