Муаррифии беҳтаринҳои Лигаи олии Тоҷикистон

Даври 22- юми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ҷамъбаст ва беҳтарин дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон муайян шуданд

Дар Тоҷикистон даври 22-юми қаҳрамонии футбол миёни Лигаи олии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии марказии ин давр миёни “Истиқлол” ва тими “Хуҷанд” ғолиб муайян нашуд, зеро бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ дастаи “Истиқлол” ҳамоно пешсаф буда, садрнишини Лигаи олии Тоҷикистон гардид.

Зимнан дастаи “Хатлон” дар майдони худ аз тими “Истаравшан” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Дар бозии дигар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар тими “Душанбе” бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид.

Бозӣ миёни дастаҳои “Кӯктош” ва “Эсхата” ба фоидаи тими аввалӣ анҷомид. “Кӯктош” тавонист ба дарвозаи бонкдорон панҷ голи беҷавоб ворид кунад.

Дар идома, дастаи КМВА бар дастаи “Файзканд” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Манбаъ меафзояд, тими “Истиқлол” бо касби 52 хол дар мақоми аввал ҷо гирифт. “Хуҷанд” бо 42 хол дар ҷои дуюм ва КМВА, ки холҳояш ба 36 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

Қайд карда мешавад, ки дастаи Истиқлол дар Лигаи қаҳрамонии Осиё ҳам дурахшиши бисёр хуб ва бозиҳои олӣ ва пирӯзиҳои чашмрасаш баргузор кард ва тавонист аз марҳилаи гуруҳӣ ба марҳилаи ҳазфӣ роҳ ёбад ва дар марҳилаи ҳазфӣ ҳам баробари намояндани Эрон қарор гирифт ва бо вуҷуди бозии хуби худ, шикастро қабул кард ва бо ба кори худ поён дод.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад