Украина лабрез аз таслиҳоти Амрико ва НАТО шуда аст

Ҳайати доимии намояндагии Русия дар Созмони Милала эълом кард, ки Амрико ҳам тафаккури Русия ҳаросиро густариш медиҳад ва ҳам таслеҳот ва мушовирони худ ва НАТО-ро ба Украина ва кишварҳои атрофи Русия гусел карда аст.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ҳайати доимии намояндагии Русия дар Созмони Милал дар баёнияе эълом кард, ки Украина пур аз таслеҳоти Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ва ҳамчунин теъдоди бе шуморе аз мушовирон аз кишварҳои ғарбӣ шуда аст.

Ҳайати Русия дар ин баёния, ки дар вебсайти худ мунташир кард, навишт: Амрико бо илқо ва доман задан ба Русия ҳаросӣ дар миёни шаҳрвандон ва кишварҳои ҳамфикри худ ва ҳамчунин суҳбат аз таҷаммуъи неруҳои Русия ба унвони тақрибан иллати аслии ҳамаи мушкилот, фаромӯш мекунад, ки дар бораи ин масаъла, ки ҳамаи ин суҳбатҳо дар мавриди неруҳои Русия дар хоки Русия аст, шаффоф созӣ кунад.

Дар идомаи ин баёния омада аст: ин масаъла (шаффоф созӣ) бархилофи сайли таслеҳоти Амрикое ва НАТО ва мусташорони бешуморе аст, ки ба Украина ва бархе аз кишварҳои наздик ба марзҳои Русия равона шудаанд. Ҳамчунин ҳеҷ тавзеҳи барои он чи неруи дарёӣ Амрико дар ҳоли анҷом аст яъне афзоиши таниш дар минтақаи дарёии Сиёҳ ва дар наздикии савоҳили Русия, вуҷуд надорад.

Баёнияи фавқ дар ҳоле содир мешавад, ки Амрико ва НАТО муддаӣ шудаанд ҳеҷ барномае барои эъзоми неру ё таслеҳот ба Украина надоранд.

“Ҷан Сакӣ” сухангӯи Кохи Сафед рӯзи сешанбе бо радди эъзоми неруи низомӣ ба Украина дар чорчуби хориҷ аз НАТО гуфт: “Ҷо Байден”, раиси ҷумҳури Амрико қасд надорад неруҳои Амрикоӣ ба Украина бифиристад.

Вай афзуд: мо аз тариқи НАТО барои афзоиши пуштибонӣ дар кишварҳои ҳошияи шарқии худ кор мекунем. Ин ҳамон чизе аст, ки НАТО барои он вуҷуд дорад ва мо ба қидосати ин иттиҳод мутаъаҳҳид ҳастем.

Изҳороти зидду нақизи Сакӣ дар ҳоле матраҳ шуд, ки “Йенс Столтенберг” дабири кулли Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ низ рӯзи сешанбе дар суханоне таъкид кард: нато дар Украини неруии размӣ мустақар нахоҳад кард .

Вай дар ин хусӯс изофа кард : НАТО омода аст бо Русия дар бораи кантроли таслеҳот, шафофияти иқдомоти низомӣ ва дигар масоили амниятии Иттиҳодия Аврупо гуфтугӯ кунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад