Дидорм сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Вазири иқтисоди Эрон

Вазири иқтисоди Эрон бар фароҳам овардани муқаддамоти афзоиши сатҳи равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон ба сатҳи 500 миллион евро таъкид кард.

Вазири иқтисоди Эрон бар фароҳам овардани муқаддамоти афзоиши сатҳи равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон ба сатҳи 500 миллион евро таъкид кард.

Дар дидори Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Сайидэҳсони Хондӯзӣ, вазири умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрон мавзӯъоти мухталиф дар хусӯси равобити дуҷонибаи ду кишвар ба вижа пас аз сафари торихӣ ва боаҳамияти раисҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон ба унвони аввалин сафари хориҷии вай баррасӣ ва табодули назар шуд.

Хондӯзӣ низ дар ин мулоқот бо ишора ба иҳтимоми Эрон нисбат ба тавсеъаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳавзаи тамаддунии Эрон бар зарурати барномарезӣ барои тавсеъаи ҳамкориҳои дарозмуддат дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрон таъкид кард.

Бар асоси ин гузориш муқарар шуд дар мулоқотҳои баъдии мақомоти олии ду кишвар мавзӯъоте ҳамчун имзои ёддошти тафоҳумҳои ҳамкории фаннӣ ва иқтисодӣ, ки дар сафари ахири раёсатҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон ироа гардид, дар дастури кор қарор гирад.

Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд.

Сафорати Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.

Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.

Пештар низ дар хабарҳо омада буд, ки :

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ дидору мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодро баррасӣ карданд.

“Аз ҷумла ташвиқи сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва дигар мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд”, – омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки сиёсатмадорон ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ баҳри тавсеаи баъдии муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар иброз карданд.

Ёдовар мешавем, ки пештар сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси вилояти Ҳурмузгони Эрон Маҳдии Дӯстӣ мулоқот ва масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, бавижа Бандараббосро дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа баррасӣ карда буд.

Ин бандар яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷоратию иқтисодии Эрон ва кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс ба ҳисоб меравад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад