Режаи низомии нерӯҳои Толибон бо таҷҳизоти размии Амрико дар хиёбонҳои Кобул

Нерӯҳои Толибон, як режаи низомиро дар пойтахти ин кишвар бо кӯмаки анвоъи таҷҳизоти барҷой мондаи Амрико баргузор карданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, нерӯҳои артиши Толибон, рӯзи якшанбе бо истифода аз анбори бузурги силоҳ ва таҷҳизоти амрикоӣ ба ҷой монда аз суқути давлати собиқи таҳти ҳимояти ғарб, як режаи низомӣ дар хиёбонҳои шаҳри Кобул баргузор карданд.

Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерс”, “Иноятуллоҳ Хоразми”, сухангӯи вазорати дифои Толибон гуфт, ки ин режа бо фориғуттаҳсилии 250 нерӯи тозаи омӯзиш дида муртабит аст. Ин тамрин шомили даҳҳо мошини амниятии зиреҳии “М-117”, сохт Иёлоти Муттаҳида буд, ки ба оромӣ дар роҳи аслии Кобул ҳамроҳ бо парвози болгардҳои “МЕ-17” дар ҳоли гашт занӣ буданд. Бисёре аз низомиёни Толибон дар ин режа туфангҳои “таҳоҷумии N-4”, сохти Амрикоро ҳамл мекарданд.

Бештари таслиҳот ва таҷҳизоте ки акнун нерӯҳои Толибон аз он истифода мекунанд, онҳое аст, ки Вашингтон дар ихтиёри давлати таҳти ҳимояти Амрико дар Кобул қарор дод то як нерӯи миллӣ барои мубориза бо Толибон эҷод кунад.

Ин нерӯҳо бо фирори “Ашраф Ғанӣ”, раиси ҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар аз ҳам пошид. Мақомоти Толибон гуфтаанд, ки халабонон, меканикҳо ва дигар мутахассисони артиши миллии собиқи Афғонистон дар як нерӯи ҷадид идғом хоҳанд шуд ва ба ҷои либосҳои суннатӣ, либосҳои низомӣ мутаъораф мепӯшанд.

Бар асоси гузориши авохири соли гузаштаи бозраси вижа барои бозсозии Афғонистон, давлати Иёлоти Муттаҳида беш аз 28 миллиард доллар ақлом ва хадамоти дифоӣ аз ҷумла силоҳ, муҳиммот, Васоити нақлия, васоил дид дар шабро ба давлати Афғонистон интиқол дода аст. Бархе аз ин ҳавопаймоҳо бо фирори нерӯҳои афғон ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи марказӣ мунтақил шуданд, аммо Толибон ҳавопаймоҳои дигареро дар ихтиёр гирифтаанд.

Нерӯҳои Амрико ҳангоми хурӯҷи беш аз 70 фарванд болгард, даҳҳо мошини зиреҳӣ ва падофанди ҳавоӣ аз кор афтодаро қабл аз парвоз аз фурудгоҳи байналмилалии Ҳомид Карзай дар Кобул мунҳадим карданд.

Як рӯзномаи англисӣ низ ахиран дар гузорише бо ишора ба адавоти низомии ғанимат гирифта шуда аз сӯи нерӯҳои Толибон аз нерӯҳои Амрикои мустақар дар Афғонистон, навишт, ки инак қудрати оташи нерӯи ҳавои Толибон беш аз як сеюми аъзои НАТО шуда аст.

Бар асоси бархе хабарҳо, Толибон як нерӯи ҳавоӣ ба арзиши даҳҳо миллион Павнд аз ҷумла болгардҳои амрикоӣ ва ҳавопаймоҳои таҳоҷумиро ба тасарруфи худ даровардаанд, ки ба онҳо аз як сеюм аъзои НАТО қудрати оташи ҳавоӣ бештаре медиҳад.

Бар асоси ин гузориш, тайи чанд моҳи гузашта, нерӯҳои Толибон 10 пойгоҳи ҳавоӣ муҳим аз  “Баграм” то “Мазори Шариф”-ро тасхир карданд ва ба тозагӣ бо як фарванд болгарди 6 миллион долларӣ “Black Hawk”, дар набард бо нерӯҳои мустақар дар «дарраи Панҷшер» рафтанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад