Омори коронавирус; раванди коҳишӣ ҳамчунон идома дорад

Тибқи оморе, ки Вазорат дар рӯзҳои гузашта нашр кардааст теъдоди мубталоён ба COVID-19 дар кишвар рӯ ба кошиш аст.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта 21 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки нишон медиҳад раванди коҳишии гиифторӣ ба ин беморӣ ҳамчунон идома дорад.

Шумораи одамоне, ки давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 17 нафар гуфта мешавад.

Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.

коронавирус

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 сентябр дар кишвар 17005 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то кунун 16866 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.

Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 21 нафар коҳиш ёфт.

Ҳамзамон тибқи иттилои мақомот дар кишвар наздик ба 3 миллион тан ваксина гирифтаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА)-ро метавон ройгон гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад