Даҳ мошини ёрии таъҷилӣ ҳадяи Русия ба Тоҷикистон

Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёри таъҷилӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст, тақдим кард, хабар медиҳад намояндаи дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёри таъҷилӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст, тақдим кард, хабар медиҳад намояндаи дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Ин таҷҳизот барои кумак ба Душанбе дар баргузории нишастҳои СААД ва СҲШ ва ҳамчунин дар мубориза бо COVID – 19 пешбинӣ шудааст.

Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ройгон дастрас шуданд.

Намояндаи сафорат гуфт :

“Пас аз анҷоми саммитҳо, мошинҳо барои тақвияти низоми миллии тандурустӣ бо мақсади муқовимат ба ҳамагирии коронавирус истифода мешаванд”.

Олга Лякина, муовини Директори иҷроияи Президенти Русия ба хабарнигорон гуфт, ки мошинҳо бо таҷҳизоти зарурӣ барои расонидани ёрии босифати тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои нафасдиҳӣ ва дефибрилляторҳо муҷаҳҳаз мебошанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни суханронӣ дар ин маросим гуфт, ки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни ду кишвар босуръат рушд мекунад ва Русия дар бисёр соҳаҳо кумак мерасонад.

Сафир таъкид кард :

“Феълан наздики 3 ҳазор писарону духтарони тоҷик дар Русия аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил мекунанд. Ин ҳам саҳми бузурге дар рушди низоми тандурустии Тоҷикистон аст”.

Ҳамчунн, дар доираи муборизаи муштарак бар зидди сирояти коронавирус, Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон, инчунин 50,000 вояи ваксинаи Sputnik V ҳадя кард.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта 21 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки нишон медиҳад раванди коҳишии гиифторӣ ба ин беморӣ ҳамчунон идома дорад.

Шумораи одамоне, ки давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 17 нафар гуфта мешавад.

Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад