Дархости Тоҷикистон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои роҳ надодани шахсони ҷиноятпеша

Тоҷикистон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хостааст, ки ба чорабиниҳояш шахсони ҷиноятпешаро роҳ надиҳад.

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Австрия бо Туула Юреля, директори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) – ҳамзамон муовини роҳбари Котиботи САҲА ва Елена Купчина, роҳбари раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур дидору табодули назар кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар рафти мулоқот вазъи кунунии татбиқи барномаҳои САҲА дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва инсонӣ баррасӣ гардида, дастгирии САҲА дар татбиқи муштараки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва чорабиниҳои мушаххаси он таъкид гардид.

Зимни суҳбат Юсуф Раҳмон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо даъват намуд, ки дар чорабиниҳояш ба иштироки шахсони ҷиноятпеша роҳ надиҳад.

Дар бораи маҳз дар бораи кадом шахсон сухан рафтан ва чӣ посухе додани намояндагони САҲА ба ин даъват маълумот дода намешавад. Лекин қаблан Тоҷикистон аз иштироки намояндагони ҲНИТ  ва “Гурӯҳи 24” дар ҷаласаҳои САҲА изҳори норозигӣ карда буд.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои аъзои САҲА ва берун аз он, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар рушди инфрасохторӣ ва зеҳнии кормандони мақомоти прокуратура ва дигар масъалаҳои мубрами боиси таваҷҷуҳи якдигар таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

Ба мувофиқа расида шуд, ки дар ояндаи наздик сафари корӣ ва тахассусии роҳбарияти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Юсуф Раҳмон инчунин бо Ғода Фатҳӣ Валӣ, роҳбари дафтари СММ дар Вена – раиси раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва ҳамзамон муовини Дабири кулли СММ гуфтушунид кард.

Дар мулоқот вазъи амниятии Афғонистони ҳамсоякишвар, хатару чолишҳои вобаста ба муташанниҷ шудани вазъ дар ин кишвар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, зарурати пурзӯр намудани муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, муқовимат ба терроризм, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бо коррупсия ва ғайра баррасӣ шуданд.

Ғода Фатҳӣ Валӣ махсусан иброз дошт, ки барномаҳои татбиқшаванда ва лоиҳаҳои нави раёсат дар Осиёи Марказӣ бо нигоҳ ба маълумоти дастрасгардида ва бо инобати хатару чолишҳои имрӯза бознигарӣ карда мешаванд.

Дар ин замина сафари коршиносони аршади раёсат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.

Юсуф Раҳмон дар Австрия боз як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом дода, дар ҷараёни онҳо масоили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои давлатии СММ, истирдоди шахсони мавриди пайгарди байнулмилаӣ қарордошта ва хатари онҳо барои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, кумаки ҳуқуқӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъулаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Бояд қайд намуд, ки нишастҳои САҲА, бахусус анҷуманҳои солонаи ченакҳои инсонӣ дар Варшава, дар солҳои охир ба як минбари умдаи баҳсҳо байни намояндагони ҳукумат ва мухолифини тоҷик табдил ёфтааст. Соли 2017 ҳайати расмии Тоҷикистон ба нишони эътироз ба роҳ ёфтани мухолифин анҷумани Варшаваро тарк кард ва ба дунбол, мақоми расмии намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон пойин бурда шуда, дафтарҳои саҳроии онро дар чанд шаҳру ноҳия барҳам доданд.

Юсуф Раҳмон дар ҷараёни силсиласафараш бо роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Олмон, Лаҳистон ва Австрия дар баробари масоили ҳамкориҳо ҳамчунин масъалаи истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро низ дар миён гузоштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад