Омори расмӣ; беш аз 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия

Бар асоси гузориши расмӣ, беш аз 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор дорад.

Беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ, ки дар Русия қарор доранд, барои будубош ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд.

Бар асоси гузориши ВКД Медиа, феълан беш аз 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои ИДМ дар Русия қарор доранд.

Дар ин бора Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия дар доираи мулоқоти онлайн бо намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина изҳор дошт.

Ӯ гуфт: “Имрӯз беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои узви ИДМ дар “соя” ҳастанд.”

Тавре хабар дода шуд, аз моҳи июни соли равон президенти Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи тамдиди будубоши муваққатии муҳоҷирон дар Федератсияи Русия замони ҳамагирии COVID-19 имзо кард.

Ҳамин тариқ, то 30 сентябри соли 2021, хориҷиён аз қаламрави кишвар депорт карда намешаванд, ба истиснои қонуншиканӣ.

Тибқи талабот, шаҳрвандони хориҷие, ки то 15 марти соли 2020 ба Русия омадаанд ва то 16 июни соли 2021 барои будубош дар ин кишвар ягон асос надоранд, метавонанд то охири моҳи сентябр ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ масъалаи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирро баррасӣ мекунанд ва дар сурати посухи мусбат, муҳоҷир метавонад бидуни убури марз дар Русия бимонад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад