Раиси ҲСДТ Зойиров латукӯб шудааст

Раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ Раматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки ба ҷонаш қасд шудааст ва ӯро дар наздикии хонааш латукӯб кардаанд.

Ба гуфтаи Зойироов, ӯ 20-уми сентябри соли 2020, бегоҳирӯзӣ аз сафари минтақаҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ бо таассурот ва маълумоти гуногун баргаштааст. Аз ҷумла, вай дар бораи тақаллуби роҳбарияти ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тотористон маводи зиёде ба даст овардааст, ки бояд фавран ҷамъбаст ва таҳлил карда мешуданд.

“22-юми сентябри соли 2020, тахминан соати 18.20 ба ман ҳамлаи навбатӣ карда шуд. Бист метр дуртар аз маҳалли истиқомати ман, дар шоҳроҳ дар наздики зинапоя, ду шахси номаълум ногаҳон аз қафо ба ман ҳамла карданд. Яке аз онҳо ду зарба аз қафо зад: аввал ба чизи кунд ба сар, баъд ба чашми рост ва қисми чашми косахонаи сар аз паҳлӯ, дуюмӣ маро бо тамоми қувват ба ҷӯйбор тела дод, вақте афтодам, китфи чапам ба девори ҷӯйбор зад, сипас бо зону ба замин афтодам.

Ман 4-5 дақиқа аз ҳуш рафтам. Вақте ба худ омадам, дар атроф касе набуд. Шояд роҳгузарон буданд, аммо ман пай набурдам, ки касе ҳаст, зеро касе ба ёрии ман наомад. Чорғовак аз он ҷо баромада, базӯр ба хона расидам, хушбахтона ман аз манзилам 20 метр дур будам”, — навишт Зойиров.

Дар идома Зойиров гуфтааст, ки ҷароҳатҳояшро дору кардааст ва баъди ду рӯз аз бистар хестаасту ҳоло ин хабарро нашр кардааст.

Дар се соли ахир бори дувум аст, ки раиси ҲСДТ мавриди ҳамлаи шахсони ношинос қарор мегирад. Зоиров мегӯяд, ҳамлаи ахир баъд аз бозгашти ӯ аз баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат гирифт. Ҷое, ки ба қавли худаш дар бораи “тақаллубкорӣ”-и раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳангоми пешвози раиси ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зиёде ҷамъ оварда буд.

Раҳматилло Зойировро моҳи октябри соли 2017 низ дар наздикии хонааш зада буданд. Он вақт сиёсатмадор ҳамларо “тарҳрезишуда” дониста ва гуфта буд, дар пайи он дасти рост, китф ва тахтапушташ осеб дид. Аммо пас аз тақрибан як моҳи ҳамла таҳқиқи парванда қатъ шуд, чун мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ҳеч яке аз муттаҳамонро ошкор карда натавонистанд.

Ҳодисаи ахир дар ҳоле сурат гирифтааст, ки қаблан дар бораи ҳамла ба манзили Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузориш шуд, вале баъдан писараш ва саҳифаҳои наздик ба мақомоти умури дохилӣ онро рад карданд.

Илова ба ин, Тоҷикистон дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорад ва Ҳизби сотсиал-демократ онро таҳрим ё бойкот кардааст. Шӯрои сиёсии ҳизб гуфт, таъини интихоботи президентӣ дар санаи 11-уми октябр “ғайриқонунӣ” аст ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизби сиёсӣ бошад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи марти соли 1998 дар Вазорати адлия сабтином шуда, ягона нирӯи мухолиф дар дохили кишвар шумурда мешавад. Ин ҳизб замоне сабтином гардид, ки Раҳматилло Зойиров ба ҳайси мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кор мекард. Зойиров пас аз сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва ба фаъолияти худ ҳамчун раиси ҲСДТ идома дод.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад