Нишасти Шӯрои амнияти кишвар ба делели вахим шудани марз бо Афғонистон

Дар нишасти Шӯрои амният мавзӯи вахим шудани вазъият дар марзи муштарак бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ, дар нишасти рӯзи сешанбеи Шӯрои амнияти миллӣ аз вахим шудани авзои амниятӣ дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон ба далели афзоиши таҳаррукоти гуруҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ниҳодҳои амниятӣ, марзбонӣ ва вазорати дифоъ дастур додааст, ки барои тақвияти нерӯҳои марзбонии кишвар ба манзури муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти гуруҳҳои террористӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон барномарезӣ кунанд.

Вай дархост кард, ки барои ташдиди мубориза бо созмонҳои террористӣ ва ифротӣ, қочоқчиёни маводи мухаддири фаромиллӣ ва гуруҳҳои ҷиноии созмонёфта дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон иқдом ба афзоиши теъдоди нерӯ ва таҷҳизот кунанд.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтии ахир мақомоти Афғонистон низ аз таҷамӯи гуруҳҳои террористӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад